Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақши Қирғизистон дар бозори энержӣ


Коршиносони масоили обу барқ Қирғизистонро кишваре муаррифӣ кардаанд, ки имкониятҳои молии он дар мавриди харидории газу нафти кишварҳои ҳамсоя сол аз сол рӯ ба коҳиш овардааст.

Гуфта мешавад, омилҳои дигаре низ вуҷуд доранд, ки Қирғизистонро маҷбур намудаанд, барои раҳоӣ аз бумбасти ҷиддӣ ба истифодаи ҳар чи бештари манбаъҳои обу барқ рӯй оварад. Ба гуфтаи коршиносон, яке аз ин омилҳо мунтазам боло рафтани нархи нафту газ дар бозори умумиҷаҳонӣ мебошад, ки Қирғизистон низ ба манзури фаъол сохтани нерӯгоҳҳои ҳароратии худ ба он ниёзманд аст.

Дар ҳамин ҳол, дар Қирғизистон 15 нерӯгоҳи хурду бузурги барқӣ ва ду маркази тавлиди нерӯи барқи ҳароратӣ корбаст шудаанд, ки дастикам 11 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ тавлид мекунанд. Коршиносон мегӯянд, дар соли 2006 ҳаҷми тавлиди нерӯи барқ дар Қирғизистон беш аз 13 миллиард киловатт-соатро ташкил мекард ва ҳамакнун ҳаҷми тавлиди нерӯи барқи солонаи нерӯгоҳҳои барқи обиву ҳароратӣ ба 11 миллиард киловатт-соат коҳиш дидааст. Ба таъкиди коршиносон, бо вуҷуди ин Қирғизистон аз имкони содир кардани як қисми нерӯи барқи худ ба Қазоқистон, Ӯзбакистон, Тоҷикистон, Чин ва Русия бархурдор аст.

Ба гуфтаи соҳибназарони қирғиз, натиҷаи пажӯҳишҳои фанниву иқтисодии пайдарпай собит намудаанд, ки дар ояндаи наздик имкониятҳои солонаи тавлиди нерӯи барқи обӣ дар кишварашон ба даҳ карат афзоиш хоҳад ёфт. Гуфта мешавад, фақат сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар болои рӯдхонаи Норин ҳаҷми солонаи тавлиди нерӯи барқро аз 13-14 миллиаррд киловатт соат ба 22 миллиард киловатт соат боло хоҳад бурд.

Раҳимбек Мамиров, коршиноси масъалаҳои барқ дар фазои Иттиҳоди давлатҳои ҳамсуд, мегӯяд, Қирғизистон аз рӯи тавлиди нерӯи барқ дар фазои Шӯравии собиқ баъд аз Русияву Тоҷикистон дар ҷои севвум қарор дорад. Ба гуфтаи Раҳимбек Мамиров, сохтмони нерӯгоҳҳои пуриқтидори барқи обӣ ҳатто Русияро низ маҷбур намуд, ки аз сармояҳои хориҷӣ истифода кунад. Вай гуфт, аз ин лиҳоз Қирғизистон бояд дар сохтмони нерӯгоҳҳои барқи худ ҳар чӣ бештар сармояҳои хориҷиро ҷалб кунад, вагарна анҷоми бунёди нерӯҳгоҳҳои барқ зери суол хоҳад монд.

Раҳимбек Мамиров мегӯяд, истифодаи ин сармояҳо боз имкон медиҳанд, ки нерӯгоҳҳои барқи обии бунёдшуда ба боигарии миллии қирғизҳо табдил ёбанд.

Ба гуфтаи мутахассисон, барои эҳтиёҷи Қирғизистон солона аз ҳашт то нӯҳ километри мукааб ҳаҷми оби захирашудаи рӯдхонаҳои он масраф мешавад. Ин манобеъ меафзоянд, ки аммо кишварҳои фаромарзии он 30 километри мукааб захираи оби рӯдхонаҳои Қирғизистонро истифода мекунанд.
XS
SM
MD
LG