Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи охирини тарғибот дар интихоботи Украина


Номзадҳо ба мақоми раёсати ҷумҳури Украина имрӯз охирин талоши худро барои ҷалби раъйдиҳандагон хоҳанд кард. Дар даври дуввуми интихобот, ки рӯзи якшанбе баргузор мешавад, рақобат миёни Юлия Тимошенко – нахуствазир ва Виктор Янукович – раҳбари мухолифин пуршиддат хоҳад буд. Ин ду нафар, зимни корзори интихоботӣ якдигарро барои талош ба тақаллуб дар интихобот ва фиреби раъйдиҳандагон муттаҳам карданд. Рӯзи панҷшанбе Юлия Тимошенко таҳдид кард, ки агар Виктор Янукович дар натиҷаҳои интихобот тақаллуб кунад, тарафдоронашро ба тазоҳурот хонда ва гуфтаи худаш Инқилоби Норанҷии Дигар доир хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG