Пайвандҳои дастрасӣ

Қисмати аъзами аҳолии Тоҷикистон зиндагӣ ва кору фаъолият дар давлати дунявиро тарҷеҳ додаанд. Ин нукта дар натиҷаҳои таҳқиқоти омӯзиши афкори омма ва ё назарсанҷие зикр шудааст, ки маркази тадқиқотии мавсум ба «Шарқ» доир кардааст.

Маросими муаррифии натиҷаҳои ин пажӯҳиш 5-уми феврали соли ҷорӣ сурат гирифт.

64 дарсад аз афроди пурсидашуда дар ин назарсанҷӣ изҳор доштаанд, ки мехоҳанд низоми дунявии давлат дар Тоҷикистон иваз
Онҳое, ки тарҷеҳ медиҳанд, ки давлат исломӣ бошад, гуфтаанд, дар давлати исломӣ фасод коҳиш меёбад, адлу дод дар кишвар муроот мешавад ва тарс аз Худо ҷилави бисёре аз аъмоли ғайриқонуниро мегирад.
нашавад, вале 7 дарсад зиндагиро дар давлати исломӣ беҳтар меҳисобанд. Аммо ҳамзамон 25 дарсад аз онҳое, ки изҳори назар кардаанд, бо пуштибонӣ ва тарҷеҳ додани низоми давлати дунявӣ хостори онанд, ки як қатор аз қавонин ва меъёрҳои шариати исломӣ дар Тоҷикистон пазируфта шавад.

Онҳое, ки тарҷеҳ медиҳанд, ки давлат исломӣ бошад, гуфтаанд, дар давлати исломӣ фасод коҳиш меёбад, адлу дод дар кишвар муроот мешавад ва тарс аз Худо ҷилави бисёре аз аъмоли ғайриқонуниро мегирад.

Вале аксарияти пурсидашудагон эътироф мекунанд, ки ҳузури дин дар ҷомеа бештар шудааст. Назарсанҷӣ бо такя ба посух 1500 нафар пурсидишуда аз 50 ноҳияи кишвар хулоса кардааст, ки аз се ду ҳиссаи тоҷикистониҳо намоз мехонанд ва 52 дарсад аз мардони мусалмон ҳар рӯзи ҷумъа ба масҷид мераванд.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакили ин ҳизб дар Маҷлиси намояндагон, ба бархе аз нукоти ин назарсанҷӣ ва мувофиқати онҳо ба воқеияти кишвар изҳори нобоварӣ кард. Раиси ҲНИТ гуфт, ӯ мутмаин нест, ки афроди пурсидашуда ба ҳангоми посух самимона ва бо қотеият муносибат карда бошанд. Барои мисол, гуфт оқои Кабирӣ, ӯ тардид дорад, ки 52 дарсад аз аҳолии кишвар ва аз ҷумла шаҳри Душанбе намози ҷумъаро дар масоҷид бигзаронанд. Зеро як чунин имкониятро масоҷиди кишвар надоранд.

Зимнан, ин назарсанҷӣ, ки дар арафаи интихоботи парлумонии кишвар доир мешавад, яке аз бахшҳои умдаи он муайян кардани мавқеъ ва ҷойгоҳи аҳзоби сиёсии кишвар ва ё мизони маъруфияти онҳо дар ҷомеаи кишвар аст. Бар пояи ин таҳқиқот ҲХДТ дар мақоми аввал, ҲНИТ дар мақоми дуюм, ҲКТ сеюм ва ҲДТ дар ҷойи чаҳорум қарор доранд. Дар ҳоле ки мизони маъруфияти ин чаҳор ҳизб аз 70 то се дарсадро ташкил медиҳад, аҳзоби дигари сиёсӣ аз ҷумла ҳизби сосиал-демократ, ҳизби мухолифи сарсахти ҳукумати феълӣ, ҳамагӣ аз ҷонибдории ду дарсади аҳолии кишвар бархурдор будааст.

Аммо Раҳматулло Зойиров, раиси ҲСДТ, мегӯяд, назарсанҷии баргузоршуда аз сӯи Маркази тадқиқотии «Шарқ» холисона анҷом нашудааст, балки ин назарсанҷӣ як навъ таъйиди барномае аст, ки ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад аз ҳоло барои иҷрои он заминасозӣ кунад. Оқои Зойиров изофа кард, ки ҳизби ӯ махсусан дар як соли ахир ва аз ҷумла дар арафаи интихоботи парлумонӣ мавриди таваҷҷӯҳи зиёди шаҳрвандон қарор гирифтааст.

Зимнан, бархе аз коршиносон низ таъсири мақомоту идороти рӯ ба давлат дар натоиҷи ин назарсанҷиро истисно намекунанд. Аммо як нуктае, ки на танҳо дар ин назарсанҷӣ, балки коршиносони дигар низ ба воқеӣ будани он ишора мекунанд, аз эътибори хоса бархурдор будани ҳизби ҳукмрони халқӣ-демократӣ ва мақомоти расмии кишвар аст. Дар ин назарсанҷӣ на танҳо ҲХДТ аз мақоми хеле боло бархурдор аст, балки расонаҳои расмии кишвар, махсусан шабакаҳои телевизонӣ низ сарчашмаи асосии манбаи иттилоот дониста шудаанд. 75 дарсади пурсишшудагон гуфтаанд, ки ба ахбори телевизионҳои давлатӣ ва расонаҳои он бовар доранд.

Ғаюр Қаҳҳоров , яке аз ҷомеашиносони тоҷик, ки дар интихоботи пешини парлумонӣ таҳқиқоти мушобеҳеро доир карда буд, гуфт, маъруфияти ҳукумат ва махсусан ҳизби ҳоким ва эътирофи он аз сӯи ҷомеа беасос нест. Зеро ҳама таҳаввулоти мусбат дар ҷомеа ба ин ҳизб нисбат дода мешавад.

Музаффар Олимов, раҳбари маркази "Шарқ"
Ба ин тартиб, дар ин назарсанҷӣ ҳамчунин вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ, вазъи хонавода, фасод ва низ сатҳи муносибат бо кишварҳои ҳамсоя мавриди омӯзиш қарор дода шудааст. Бар пояи омори ин назарсанҷӣ, муносибат ва назари мардум бо кишварҳои ҳамсоя Русия, Қазоқистону Қирғизистон ва Туркманистон чун пешина боқӣ мондааст, аммо назарҳо дар нисбат ба Ӯзбакистон бештар манфӣ шудааст. Назарсанҷии мазкур бо пуштибонии молии сафорати Британия дар Тоҷикистон, САҲА ва Бунёди байналмилалии низоми интихоботҳо доир шудааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG