Пайвандҳои дастрасӣ

Таркишҳои маргбор дар шаҳри Карбало


Пулиси Ироқ мегӯяд, бар асари таркиши ду мошини бобмгузоришуда дар шаҳри Карбало дасти кам 20 нафар ҳалок ва 75 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Ҳамла дар рӯзи охири маросими мазҳабии Арбаъин, ба вуқӯъ пайваст, ки 40 рӯз баъд аз Ошуро маросим сӯгвории қатли Имом Ҳусейн сурат мегирад. Барои ширкат дар ин маросим садҳо ҳазор нафар шиъамазҳабон, аз ҷумла аз Эрон ҳам ба Карбало омада будаанд. Ҳукумати Ироқ барои таъмини амнияти зойирон 30 ҳазор нафарро сафарбар кардааст. Тайи ин ҳафта бори саввум аст, ки алайҳи зойирони шиъамазҳаб дар Ироқ ҳамла сурат мегирад. Дар ду ҳамлаи пешин бештар аз 60 нафар ҷон доданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG