Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

CPJ: "Шикоятҳо алайҳи рӯзномаҳо ҳадафмандон аст"


Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон мегӯяд, даъвоҳои додгоҳӣ алайҳи ҳафтаномаҳои Тоҷикистон сирф ангезаҳои сиёсӣ доранд ва ҳадаф аз онҳо нобуд кардани матбуоти мустақил дар кишвар аст. Пештар аз ин Маҳмудхон Сараев як намояндаи дафтари раёсати ҷумҳури Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, баҳси додрасҳо ва муассисаҳои давлатӣ бо ҳафтаномаҳои мустақил дар додгоҳҳо ангезаи сиёсӣ надорад ва як ҷараёни татбиқ шудани демократи воқеъӣ дар Тоҷикистон аст. Аммо Музаффар Сулаймонов, намояндаи бахши Осиёи Марказй дар Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон гуфт, ин баҳсҳои додгоҳии мақомоти расмӣ ҳадафмандона ва ғаразнок аст:" “Ҳарчанд ин парвандаҳои шаҳрвандӣ ҳастанд, даъвоҳои бисёрмиллиона бозгӯи он аст, ки даъвогарон танҳо барои ҳалли баҳс дар додгоҳ манфиатдор нестанд. Баръакс онҳо манфиатдор ҳастанд, ки матбуоти озодро нобуд кунанд. Маълум аст, ки бо он сатҳи маошу даромаде, ки дар Тоҷикистон ҳаст, ягон нашрия имкони пардохти маблағи дархостшударо надорад." Тайи ду моҳи ахир дар Тоҷикистон, ниҳодҳои давлатӣ панҷ ҳафтаномаи мустақили “Пайкон”, “Миллат”, “Озодагон”, “Азия Плюс”, ва “Фараж”-ро ба бӯҳтон ва паст задани шаъну эътибори худ муттаҳам карда ва аз онҳо хостори садҳо ҳазор доллар ҷуброни маънавӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG