Пайвандҳои дастрасӣ

Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи журналистон (CPJ), қароргоҳаш дар Амрико, аз се додраси Тоҷикистон даъват кард, ки аз даъвои худ бо се нашрияи чопи Душанбе даст бикашанд. Ҳамкори мо дар Прага Тоҳири Сафар бо Музаффар Сулаймонов, намояндаи бахши Осиёи Марказй дар ин Кумита, дар тамос шуд ва нахуст суол кард, ки оё ба қазияи ҳафтаномаҳо дар Тоҷикистон чӣ назар доранд?

Музаффар Сулаймонов: “Моро таъқиби нашрияҳои мустақил моро бисёр ба хашм овардааст. Он қадар ки ба мо маълум аст, даъвоҳои бисёрмиллиона алайҳи нашрияҳои мустақилу машҳури Тоҷикистон - «Озодагон», «Фараж» ва «Азия-плюс» ба додгоҳ пешниҳод шудаанд. Мо қотеъона даъват мекунем, ки додрасҳои Тоҷикистон даъвои худро бозпас гиранд ва ин гуна таъқиби матбуоти озодро анҷом диҳанд, бахусус он ки ин ҳама дар остонаи интихоботи парлумонӣ рух медиҳад. Гузашта аз ин, даъвоҳоро додрасони баландрутбаи Додгоҳи Олӣ ва Додгоҳи шаҳри Душанбе ба як додгоҳи ноҳиявӣ пешниҳод кардаанд ва ин бидуни шак ба ҳукми додгоҳ таъсир расонида метавонад. Мо аз он тарс дорем, ки ин гуна таъқибҳо озодии матбуотро маҳдуд мекунад ва ба тавсиаи худсонсурӣ мерасонад.»

Тоҳири Сафар: “Аммо дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ як намояндаи расмии ҳукумати Тоҷикистон гуфт, ки ин парвандаҳо ҳеҷ ангезаи сиёсӣ надоранд ва баръакс, дар амал ҷорӣ шудани демократияи воқеист, ки мехоҳанд дар кишвар ташаккул диҳанд...”

Музаффар Сулаймонов: “Вазъ дугона равон аст. Аввалан, ҳа, аз як тараф, инсон ҳақ дорад ба додгоҳ аз рӯи парвандаи шаҳрвандӣ равад ва баҳсро дар додгоҳ ҳал кунад. Аммо, аз дигар тараф, бояд шумо фаҳмед, ки алайҳи ин нашрияҳо даъво аз сӯи мақомоти давлатӣ сурат мегирад. Он даъвоҳои дигар ҳам, ки аз сӯи вазорати кишоварзӣ ва «Тоҷикстандарт» шудаанд, аз наҳваи сиёсии парванда гувоҳӣ медиҳанд. Дуввум, ҳарчанд ин парвандаҳои шаҳрвандӣ ҳастанд, даъвоҳои бисёрмиллиона бозгӯӣ мекунад, ки даъвогарон ҳамин тавр содда дар додгоҳ барои ба ҳақиқат расидан манфиатдор нестанд. Баръакс, онҳо манфиатдор ҳастанд, ки матбуоти озодро нобуд кунанд. Худ дуруст мефаҳмед, ки он сатҳи маошу даромаде, ки дар Тоҷикистон ҳаст, ягон нашрия имкон надорад, он маблағи даъвоиро пардозад. Мо аз ҷаноби Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои миллии Тоҷикистон, фаҳмидем, ки агар нашрияҳо маблағи даъвоиро надиҳанд, кор ба сатҳи баррасии ҷиноӣ мерасад, яъне нашрияҳо аз рӯи қонунгузории ҷиноӣ таъқиб мешаванд. Бале, ин парвандаи шаҳрвандӣ аст, аммо дар ниҳоят барои матбуоти Тоҷикистон кушанда хоҳад буд. Ва боз таъкид мекунам, ки ин ҳама дар остонаи интихоботи парлумонӣ мегузарад.

Тоҳири Сафар: «Ба назари Шумо, мавҷи шикоятҳои додгоҳӣ алайҳи нашрияҳои мустақил ба раванди интихобот чӣ таъсир дошта метавонад?»

Музаффар Сулаймонов: «Се додрас, ки ҳафтаномаҳои «Озодагон», «Фараж» ва «Азия-плюс» - ро ба додгоҳ кашидаанд, мехоҳанд нашрияҳо дар давоми мурофиаи додгоҳӣ баста шаванд. Аз ин мешавад натиҷа гирифт, ки шаҳрвандон дар бораи интихоботу номзадҳо иттилои маҳдуд хоҳанд гирифт ва дар давоми интихобот онҳо наметавонанд иттилои танқидӣ гиранд.»
XS
SM
MD
LG