Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати панҷ сарбози рус дар Чеченистон


Вазорати умури дохилаи Русия мегӯяд, панҷ сарбозаш дар ҷараёни даргирӣ бо ифротгароён дар Чеченистон кушта шудаанд. Бар тибқи хабарҳои матбуоти Русия, даргирии кормандони пулис бо 15 ифротгарои чечен дар ноҳияи Урус Мартан ба вуқӯъ пайвастааст. Рӯзи панҷшанбе, Рамазон Қодиров – раиси ҷумҳури Чеченистон гуфт, нерӯҳои махсуси Русия дасти кам шаш ифротгарои исломиро дар Чеченистон куштанд ва дар пайи маҳви ифротгароёни дигар дар манотиқи кӯҳистон мебошанд.
XS
SM
MD
LG