Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳайати мушовараи Додгоҳи олии Тоҷикистон бозбинии парвандаи пурсарусадои гурӯҳи 31-нафарии мансуб ба Низом Ҷӯраев, раҳбари пешини корхонаҳои спирт ва кимиёи Исфара ва вакили маҷлиси вилояти Суғдро анҷом дод.

Аммо вакилони дифоъ мегӯянд, ки ҳукмро ғайриқонунӣ меҳисобанд ва ба сеюмбора бозбинии он талош хоҳанд кард.

Бозбинии ин парванда дар пайи шикояти қаблии вакилони мудофеъ тайи ду моҳи ахир дар боздоштгоҳи муваққати рақами 2 – и шаҳри Хуҷанд, дар паси дарҳои баста идома дошт. Санавбар Холова, додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, бо ҳукми нав мӯҳлатҳои ҳабси ин 31 нафар кам карда шуд. Аммо гунаҳкорӣ аз рӯи банди 187 – и Асноди ҷиноии Тоҷикистонро ба ҷуз ду нафар, бар дӯши дигарон боқӣ монд. Хонум Холова афзуд, санади таъиноти додгоҳӣ дар фурсати наздик ба ҳама вакилони дифоъи маҳкумшудагон дода хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки вакилони дифоъи гурӯҳи 31-нафарии исфарагиҳо аз он ки аз эълони ҳукм чанд рӯз мегузараду, нусхаи таъиноти додгоҳиро ҳанӯз дастрас накардаанд, изҳори нигаронӣ мекунанд. Бахтиёр Насруллоев, вакили мудофеъи 11 нафари маҳкумшудагон, гуфт, вакилони дифоъ ҳукми нави Додгоҳи олиро ноодилона ва ғайриқонунӣ меҳисобанд. Вай афзуд: “Мо ин ҳукми зинаи дуюми Додгоҳи олиро ҳам ба мисли ҳукми пештара ғайриқонунӣ меҳисобем ва бо роҳи шикояти кассатсионӣ муборизаро идома медиҳем. Зеро аксари нафароне, ки маҳкум шуданд, тамоман бегуноҳанд.»

Рӯзи ҷумъаи 5 – уми феврал аз Додгоҳи олӣ ба Озодӣ гуфтанд, ки бархе аз вакилони мудофеъ ва пайвандони маҳкумшудагон ҷиҳати додхоҳӣ ва бо норизоӣ аз ҳукми нав бо раиси Додгоҳи олӣ гуфтугӯ анҷом доданд. Шоирахон Муқидова, хоҳари Фахриддин ва Толиб Ҷӯраевҳо, ба Озодӣ гуфт, онҳо норизояти худро аз ҳукм ба раиси Додгоҳи олӣ баён доштаанд: «Ин ҳукм ҳам дуруст, одилона нест. Ҳатто тафтишоти пешакӣ ҳам 7 – 8 сол ҳукм талаб карда буд. Ду солу ҳафт моҳ, ки дар ҳамаи мурофиаҳо иштирок мекардем, ягон гуноҳи инҳо, хусусан 23 айбе, ки ба акои Фахридин монда буданд, исбот нашуд. Аммо ин навбат ҳам омаданду, аз рӯи ҳамон парвандаи аввал ҳукм карданд.»

Шоира Муқидова афзуд, вакилони дифоъ тасмим гирифтаанд, бо шикояти кассатсионӣ аз нав дидани парвандаро тақозо намоянд.

Аммо дар ҳамин ҳол ду додраси Додгоҳи Олӣ - Нур Нуров, Улуғбек Мамадшоев ва як додраси додгоҳи Душанбе – Фахридин Дадоматов, яке аз вакилони дифоъи гурӯҳи 31 нафарии исфарагиҳо, Солеҳ Ҷӯраевро дар пайи нашри як изҳорот дар бораи заъфи адолати додгоҳӣ, зимнан дар мисоли парвандаи исфарагиҳо бо роҳи додгоҳӣ 1.1 миллион сомонӣ ҷуброни маънавӣ талаб доранд. Ҳамчунин, ин се додрас се нашрияи мустақил «Озодагон», «Фараж» ва «Азия Плюс», ки изҳороти мазкурро ба нашр доданд, бо иттиҳоми тӯҳмат ва паст задани обрӯву эътибори инсон ба додгоҳ кашида, қатъи фаъолияти ин расонаҳо то поёни таҳқиқ ва пардохти 5,5 миллион сомонӣ товони маънавиро тақозо доранд.

Додгоҳ 31 нафар сокини шаҳри Исфара, аз ҷумла ду бародари Низом Ҷӯраевро дар моҳи июни соли гузашта дар таъсиси иттиҳоди ҷиноӣ, иштирок дар он қатл, ғайриқонунӣ нигаҳдории силоҳ, фасоди молӣ аз худ кардани маблағҳои бузурги давлатӣ гунакор ҳисобида, ба мӯҳлатҳои аз 10 то 25 сол равонаи зиндон карда буд. Додгоҳ бархе аз ин нафаронро дар куштори Толиб Бобоев, собиқ муовини додситони кулли Тоҷикистон гунаҳкор дониста буд.

Танҳо 2 нафар аз ин гурӯҳ, ки ба содири ҷиноятҳои иқтисодӣ муттаҳам мешуданд, аз сӯи додгоҳ бегуноҳ дониста шуда, аз толори мурофиа ба озодӣ баромада буданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG