Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нахуствазири Украина Юлия Тимошенко гуфт, агар дар даври дувуми интихоботи раёсатҷумҳурии кишвар рақибаш Виктор Янукович аз роҳи тақаллуб пирӯз шавад, вай мардумро ба инқилоби дигари норанҷӣ даъват хоҳад кард.

Қарор аст, даври сарнавиштсози дуввуми интихобот дар Украина рӯзи 7-уми феврал доир шавад.

Ин изҳороти Тимошенко баъд аз он садо дод, ки президенти кунунии кишвар Виктор Юшенко ба қонуни интихобот тағйирот ворид кард. Тибқи ин тағйирот акнун ҳатто агар дар комиссияҳои интихоботӣ кворум ё теъдоди зарурии намояндагони ҳар ду ҷониб вуҷуд надорад, ин баҳонаи қатъи шумориши раъйҳо шуда наметавонад.

Лоиҳаи ислоҳшудаи қонун як рӯз пеш дар парлумон бо пофишории ҳизби “Минтақаҳо”-и номзад ба мақоми раёсатҷумҳурӣ Виктор Янукович қабул гардид ва ба президент Юшенко ироа шуд.

Юлия Тимошенкоро тасмими Юшенко ба хашм овард ва вай зимни нишасти матбуотӣ тасвиби қонунро “ҳукми эъдом” барои демократияи Украина номид. Вай гуфт, парлумон аз муҳокимаи тағйирот дар кумитаҳо сарфи назар карда, қоидаҳои қабули қонунҳоро ба таври бесобиқа поймол кардааст. Тимошенко гуфт, ин иловаҳо ба мақомдорон дар минтақаҳое, ки аз ҷониби ҳизби Янукович идора мешаванд, имкон медиҳад, рузи интихобот нозиронро аз ҳавзаҳо хориҷ карда, дар ҷояшон нозирони дилхоҳи худашонро таъин кунанд. Тимошенко гуфт, Янукович бо ин ислоҳот заминаро барои тақаллуби густарда фароҳам овардааст, чунки дигар роҳи пирӯз шуданро надорад.

Янукович ҳамаи ин иттиҳомотро рад намуд ва эълом дошт, ки қонуни қаблӣ ба тарафдорони Тимошенко имкон медод, бо бозиҳо атрофи кворуми нозирон шумориши райъҳоро монеъ шаванд. Вай гуфт, изҳороти ахири Тимошенко аз заиф будани мавқеаш шаҳодат медиҳад ва ин аломати он аст, ки худи вай мағлуб шуданашро дарк мекунад.

Ирина Ванникова, сухангӯи президенти Украина Виктор Юшенко, аз тасмими президент ҳимоят кард.

Тимошенко ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва САҲА муроҷиат намуд, ки иловаҳо ба қонуни интихоботро маҳкум кунанд.

Нозирони байналмилалӣ даври якуми интихоботи Украинаро ҳамчун комёбии аслӣ барои демократия арзёбӣ намуда буданд. Класс Бергман, раиси бахши алоқаҳои Анҷумани парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, гуфт, ин ниҳод таъкид карда буд, ки бисёр муҳим аст, то миёни ду давр ба қонуни интихобот ислоҳот ворид нашавад.


Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG