Пайвандҳои дастрасӣ

Юшенко дар иловаи Қонуни интихобот имзо гузошт


Бо вуҷуди шикоятҳо дар ин бора, ки илова дар Қонуни интихоботии Украина метавонад заминаро барои тақаллуб дар натиҷаҳои даври дуввуми интихобот фароҳам орад, Виктор Юшенко-раиси ҷуҳури Украина дар ин қонун имзо гузошт. Микола Азаров-яке аз раҳбарони Ҳизби Минтақаҳо гуфт:

"Ҳатто агар намояндагони Тимошенко ба ҳавзаҳои интихобтӣ наоянд, интихобот қонунӣ дониста мешавад. Чунин аст маънои ин илова. Ман мехоҳам ба шумо хабар диҳам, ки имрӯз раиси ҷумҳур ба он имзо гузошт ва он ба таври расмӣ чоп шуд ва эътибор пайдо кард".

Рӯзи якшанбе даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор мешавад ва дар он Виктор Янукович аз Ҳизби Минтақаҳо ва Юлия Тимошенко-нахуствазири кунунӣ бо ҳам рақобат мекунанд. Тимошенко мегӯяд, ки ҳизби Янукович бо ин илова дар қонун мехоҳад орои интихобкунандагонро моли худ кунад. Хонум Тимошенко ҳушдор додааст, ки агар Янукович саъй кунад, ки орои интихобкунандагонро аз худ кунад, дар он сурат вай метавонад ҷонибдоронашро ба хиёбонҳо даъват кунад ва бори дуввум инқилоби норинҷӣ рух диҳад. Тимошенко қаблан аз раиси ҷумҳур дархост карда буд, ки ба ин илова имзо нагузорад.
XS
SM
MD
LG