Пайвандҳои дастрасӣ

Кӣ рафту кӣ омад? Албатта, дар Тоҷикистон дар мавриди тағйироти кадрӣ тамаркуз бештар рӯи афродест, ки рӯи кор меоянд, вале оне, ки зери санги осиёби тағйироти кадрӣ мемонад, одатан аз саҳна зуд нопадид мешавад.

Ҳадди ақал то ягон навбати дигари тағйироти кадрӣ, ки аз сандуқи кадрҳои ҳукумат боз ҳам исми ӯ берун биояд. Аммо дар мисоли Бобоҷон Бобохонов ва Шерхон Салимзода, ҳарду - ҳам оне, ки рафт, ва ҳам оне, ки омад, қобили арзёбӣ ҳастанд.

АВВАЛ АЗ САЛИМЗОДА КИ ОМАД

Шерхон Салимзода 53 сол дошта, фаъолияташ дар низоми додситониро аз пойинтарин зина оғоз карда, то ба мақоми додситони
Шерхон Салимзода талаботи хеле қотеъона дорад ва ин чизро мо дар давраи ҳамкориамон мушоҳида кардаем...
Душанбе расидааст. Ду навбат вакили парлумон буд ва дар моҳи январи соли 2007, ба муҷарради таъсиси Ожонси давлатии мубориза бо фасод раиси ин идора таъйин шуд. Дар соли гузашта аз ин мақом рафт, вале баъди чанде мушовири раисиҷумҳур дар умури ҳуқуқ ва инак ба курсии калидии додситони кул таъйин шуд.

Абдуманнон Холиқов, муовини вазири адлияи Тоҷикистон, ки бо Шерхон Салимзода чандин сол, аз ҷумла дар парлумон кор кардааст, аз ӯ ба унвони як нафари шоиста, пуртаҷриба ва кордон таъриф мекунад ва мегӯяд, акнун дар низоми кори додситонӣ, аз ҷумла дар ҷобаҷогузории кадрҳо, ки аз нуқтаҳои заъфи Бобоҷон Бобохонов хонда мешуд, бояд ҳатман дигаргуниҳоеро мунтазир шуд: “Гумон мекунам, ки як дигаргунии куллӣ дар фаъолияти додситонӣ мешавад ва ҳатман ба сӯи беҳбудӣ. Шерхон Салимзода, ки таҷрибаи корӣ ҳам дар мақомоти додситонӣ ва ҳам дар парлумонро дорад, фикр мекунам, пеш аз ҳама ба ҷобаҷогузории кадрҳо аҳамияти аввалиндараҷа хоҳад дод. Нақши асосиро дар ҳама мақомот дар ҳама давру
Шерхон Салимзода
замон кадрҳо ва ҷобаҷогузории дурусти онҳо бозидааст ва мо умед дорем, ки ӯ инро дуруст ба роҳ хоҳад гузошт. Дигар ин ки, Шерхон Салимзода талаботи хеле қотеъона дорад ва ин чизро мо дар давраи ҳамкориамон мушоҳида кардаем ва умедворем, ки дар додситонӣ низ ӯ аз ин шева кор хоҳад бурд.”


Таҷрибаи ғаниву пуркорӣ ва кордонии Шерхон Салимзодаро таҳлилгарон низ эътироф мекунанд, вале мегӯянд, тайи ду соли раҳбариии ӯ, Ожонси зиддифасод бо вуҷуди касби салоҳиятҳои фавқулода ҳама саргарми шикори моҳиҳои хурд монд ва натавонист ба сайди моҳиҳои бузургтар, аз ҷумла дар зинаҳои болоии ҳукумат иқдом кунад.

ТАЪРИХЧАИ РАҚОБАТ БО БОБОХОНОВ

Шерхон Салимзода чанд соз боз як номзади эҳтимолӣ ба симати додситони кул арзёбӣ мешуд, вале акнун баъд аз як давраи тӯлонии рақобат бо Бобоҷон Бобохонов ба курсии ӯ нишаст, ки ин ҳам ба оташи баҳси маҳофил равғани бештар мерезад.

Ҳуқуқдони тоҷик Шӯҳрат Қудратов рақобати миёни Салимзода ва Бобохоновро як рақобати пешинадор мехонад ва мегӯяд, ин рақобат ба замоне бармегардад, ки Шерхон Салимзода ҳанӯз додситони Душанбе буд: “Аммо вақте ки Салимзода раҳбарии Ожонси зиддифасодро бар ӯҳда гирифт, ин зиддият афзуд. Бахусус замоне ки ӯ тавассути парлумон ба қонун тағйирот ворид карда, барои маъмурони Ожонс ҳаққи боздошт ва кушодани парванда алайҳи кормандони додситониро ба даст овард, зиддияти ӯ бо Бобохонов ба нуқтаи авҷаш расид.”

Рақобат миёни Шерхон Салимзодаву Бобоҷон Бобохонов бахусус дар як моҳи охир ба нуқтаи олияш расид ва ба минбари нишастҳои расмии хабарӣ ва саҳафоти нашрияҳо фурӯ рехтаву матбуотӣ шуд.

Бобоҷон Бобохонов
Бобоҷон Бобохонов моҳи январ дар охирин нишасти хабариаш ба ҳайси додситони кул, Ожонси зиддифасодро ҳатто ба “иғвогарӣ” айбдор кард ва гуфт, маъмурони ин идора алайҳи намояндагони ниҳодҳои дигари интизомӣ қасдан амал мекунанд: “Ду-се ҷинояте, ки дар ҳамин қатор ба қайд гирифта шудааст, “провокатсиони”-янд. Провокатсия на танҳо дар ҳаққи кормандони додситонӣ, балки провокатсия дар ҳаққи додрасҳо ва милисаҳо низ. Барои чӣ инро мегӯям? Вақте ки дузду одамкуш ҷиноят мекунад, на ин ки кормандони ҳифзи ҳуқуқ, балки шаҳрвандон ҳам вазифадоранд, ки онҳоро ба органҳо таслим кунанд. Вале кормандони оҷонсии мубориза бо коррупсия дуздро бар зидди кормандони ҳифзи ҳуқуқ мефиристанд.”

Ин изҳороти додситони кул баҳсҳоеро дар матбуот ва маҳофил дар бораи вуҷуди рақобат миёни ниҳодҳои мухталифи тафтишотӣ ба по кард, вале кам касе он замон мутаваҷҷеҳ шуд, ки мухотаби Бобохонов на тамоми Ожонси зиддифасод, балки мушаххасан раҳбари пешини он Шерхон Салимзода аст.

Таҳлилгарон акнун мегӯянд, ба фарқ аз маҳофил, ки дар бораи далоили аслии ин баёнияи додситони кул фақат ҳадс мезаданд, худи Бобохонов шояд алакай ҳамон вақт хуб медонист, ки ба ҷойи ӯ маҳз Салимзодаро “тайёр” кардаанд ва, тавре мегӯянд, “он рӯз дер нест...”

Хабарнигори тоҷик Раҷаби Мирзо чунин рақобатҳои “дохилиқасрӣ”, ба хусус ба хотири густариши нуфуз бар шахси раҳбари аввалро хоси аксари кишварҳои худкома медонад, ки гоҳе ба фоидаи ин ва гоҳе ба нафъи гурӯҳи дигар тамом мешавад.

Ин давраи рақобат, ба бовари ӯ, ба фоидаи гурӯҳе анҷом шуд, ки дар назди раисиҷумҳур аз Салимзода пуштибонӣ мекард, на аз Бобохонов: “Қаблан Бобохонов аз чунин муборизаҳо ҳамеша пирӯз бадар меомад. Ва аммо “парвандаи исфарагиҳо” ба чунин як нуқтаи кулминатсионие расид, ки касе интизорашро надошт. Ва дар пайи матбуотӣ шудани ҳамин қазия ҳукумат водор шуд, ки дар таъйиноти кадрии худ даст ба чунин як гашти нав бизанад.”

“ПАРВАНДАИ ИСФАРАГИҲО”


Баҳси додситониву Додгоҳи олӣ ва боз ҳам Ожонси зиддифасод бар сари қазияи пурсарусадои, маъруф ба “парвандаи исфарагиҳо”, нишасти хабарии низ пурсарусадои вакили мудофеъ Солеҳҷон Ҷӯраев ва аз се нашрияи чопи Душанбе барои нашри даъвоҳои Ҷӯраев
Солеҳҷон Ҷӯраев
5,5 миллион сомонӣ ҷуброн хостани се додраси Додгоҳи олиро аксари таҳлилгарон ҳалқаҳои як занҷир ва нуқтаи авҷи он муборизаҳои гурӯҳӣ дар дохили ҳукумат арзёбӣ мекунанд, ки бо бознишаста шудани Бобоҷон Бобохонов ва ба курсии ӯ таъйин шудани Шерхон Салимзода гӯё ба поён расид.

Ҳафтаномаи “СССР” парвандаи гурӯҳи тоҷири маъруф ва феълан фирории исфарагӣ Низомхон Ҷӯраевро аз ин лиҳоз ҳатто “парвандаи сархӯр”-е ба қалам додаааст, ки ваҳдати назар миёни идороти мухталифи давлатиро зери шубҳа мебарад.

Хеле аз таҳлилгарон мегӯянд, ба ҷойи як тарафи ин баҳс, яъне Бобоҷон Бобохонов таъйин шудани тарафи дигари ҳамин баҳс - Шерхон Салимзода ба ин маънист, ки Душанбе мавзеъаш дар қиболи парвандаи исфарагиҳоро дигар ниҳоӣ кардааст.

Дар ҳар сурат, ҳуқуқшиноси тоҷик Шӯҳрат Қудратов мутмаин аст, ки ба сари ҳамдигар фурӯ рехтани ин ҳама борони иттиҳомот ва ба саҳифаҳои матбуот кашидани ба истилоҳ “сирри хона”дар ниҳоят обрӯи ҳам додситонӣ ва ҳам Ожонси зиддифасоди Тоҷикистонро хеле пойин бурд: “Мардум диданд, ки дар асл ин ду ниҳод – ҳам додситонии кулл ва ҳам Ожонси зиддифасод – мақомоте нестанд, ки дар он фақат одамон бо дастони тоза кор мекунанд, балки дар сафи кормандони ин идораҳо нафарони ришвахор ҳам будаанд. Ин як зарба, як шаппотие ба рӯи ин ду идора шуд ва обрӯи ҳам додситонии кулл ва ҳам Ожонси мубориза бо фасодро дар чашми мардум пасттар кард.”

Аммо ҳуқуқдони шинохтаи тоҷик Ашӯрбой Имомов дар ин бора назари дигар дорад ва мегӯяд, як натиҷаи ин баҳсҳо ошкорбаёнӣ ҳам буд, ки хеле паҳлуҳои то кунун махфии фаъолияти ин ниҳодҳоро барои ҷомеа боз кард: “Албатта, камбудии кор агар ошкор гуфта шавад ва ин ошкорбаёнӣ ба ислоҳи камбудиҳо равона шавад, ин хуб аст.”

АММО БОБОХОНОВ, КИ РАФТ

Додситони кулли ҳамакнун собиқи Тоҷикистон дар ин мақом аз ҷумла бо ин фарқ мекард, ки бидуни кадом мулоҳизоти сиёсиву дипломатӣ сӯҳбат мекард ва метавонист, бидуни кадом андеша ё бим ангушти иттиҳом ба сӯи ниҳодҳои дигар ва ҳатто кишварҳои дигар баланд кунад.

Бобоҷон Бобохонов танҳо нафарест, ки ду давраи тамоми панҷсола дар симати додситони кул ифои вазифа карда ва ба бовари таҳлилгарон, барои ҳукумат дар ин симат хидматҳои зиёде ҳам анҷом додааст.

Аз Маскав ба Душанбе овардану сипас ба солҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндон кардани раиси Ҳизби демократ Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ва вазири пешини умури дохила Ёқуб Салимов, боздошт ва ҳукми зиндони умрбоди фармондеҳи собиқи Горди миллӣ генерал Ғаффор Мирзоев, таъқиби пайравони Ҳизби Таҳрир, салафиҳо, Ҷамоати таблиғ ва ҳаводорони Ҳаракати исломии Узбакистон ба хусус дар минтақаи Исфара аз мавридҳоеянд, ки дар корномаи Бобохонов навишта хоҳанд шуд.
Раҷаби Мирзо

Хабарнигори тоҷик Раҷаби Мирзо мегӯяд, Бобохонов рисолаташро пурра анҷом дод ва рафтанаш дар чунин шароит низ дигар як чизи табиист: “10 соли додситонии Бобохонов солҳои аз як сӯ мушкил ва аз сӯи дигар осон буданд. Мушкил барои худи Бобохонов буд, ки бояд як идда рақибони сиёсии ҳукуматро аз саҳна берун меандохт, ки кард. Вале осонии кор дар он буд, ки муҳит дигар ҷангӣ набуд ва Бобоҷон Бобохонов метавонист маҳви рақибони сиёсии давлатро бидуни мушкил анҷом диҳад. Ва ҳоло метавон гуфт, ки Бобохонов рисолаташро дар назди ҳукумат аллакай пурра иҷро кардааст.”

“ВА-БАНК” ВА ҲАЛҚАИ ЗАИФИ ЁФТШУДА


Ба бовари нозирони умур, Бобоҷон Бобохонов, ки сар омадани фурсаташро эҳсос мекард, дар як моҳи охир хеле талош кард, ки вазъиятро боз ҳам ба фоидаи худ тағйир диҳад. Ва як андоза “ва-банк” ҳам рафт, ки ҳатто агар худро ҳам натавонад ҳифз бикунад, пас ҳадди ақал пеши роҳи Шерхон Салимзодаро бигирад, вале натавонист ва аз майдон рафт.

Ба гуфтаи як мусоҳиби мо, ҳалқаи заифе, ки акнун дар ин занҷир пайдо кардаанд, “Фараж”-у “Озодагон” ва “Азия Плюс” аст, ки фаҳмида ё нофаҳмида, вориди баҳси таҳамтанҳо шуданд ва акнун панҷуним миллион сомонӣ товони миёншикани ин баҳсро ба гардани ҳамин се нашрияи чопи Душанбе андохтаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG