Пайвандҳои дастрасӣ

Созмонҳои байналмиллалӣ аз нашрияҳо дифоъ карданд


Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон дар Амрико аз қозиёни додгоҳи Тоҷикистон хостааст, ки шикояти худро дар бораи тӯҳмати нашрияҳо фаро хонанд. Ин ниҳоди ҳифзи ҳуқуқи Амрико гуфтааст, ки чунин кор метавонад нашрияҳои мустақил ва муътабари Тоҷикистонро муфлис кунад. Дар охири моҳи январ нашрияҳои "Азия Плюс", "Фараж" ва "Озодагон" мақолаеро чоп карданд, ки гӯё ба шаъни қозиёни додгоҳ Нур Нуров, Улуғбек Мамадшоев ва Фахриддин Додоматов латма мезанад. Онҳо дар шикояти худ аз додгоҳ дархост кардаанд, ки ин нашрияҳо ба маблағи 5,5 миллион сомонӣ ҷарима баста шаванд. Нина Огнянова-ҳамоҳангсози Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорони Аврупо ва Осиёи Марказӣ низ дархост кардааст, ки қозиёни додгоҳ ин шикояти худро аз додгоҳ пас бигиранд.
XS
SM
MD
LG