Пайвандҳои дастрасӣ

Додов ва Ҷононов ҷои якдигарро иваз карданд


Тибқи хабари матбуоти маҳаллӣ Парвиз Додов-дипломати ҳирфаии тоҷик намояндаи Тоҷикистон дар Созмони Ҳамкории Шонгҳой таъйин шудааст. Додов то ҳол дар вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон раҳбарии раёсати ҳуқуқиву қарордодиро бар ӯҳда дошт. Вай акнун дар Созмони Ҳамкории Шонгҳой ба ҷои Шералӣ Ҷононов дар курсии муовини Дабири кулли созмони мазкур хоҳад нишаст ва Ҷононов ба вазорати умури хориҷа бармегардад ва кори Додовро пеш мебарад. Онҳо бо якдигар ҷой иваз карданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG