Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ризояти Басеску ба истиқрори сипари зидди мушакӣ


Траян Басеску-раиси ҷумҳури Руминия розӣ шудааст, ки Амрико дар қаламрави Руминия сипари зидди мушакҳои муёнбурдро мустақар кунад. Он бахше аз барномаи нави дифои зиддимушакии Амрико ба шумор меравад. Басеску гуфт, Бухарест розӣ шудааст, ки дар ин барнома ширкат кунад, зеро он ҳамаи қаламрави Руминияро зери ҳимоят хоҳад гирифт. Вале вай гуфтааст, ки он набояд бар зидди Русия нигаронида шавад. Филип Кровлӣ-сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико аз ин тасмими Басеску ситоиш кард. Ҷо Байден-муовини раиси ҷумҳури Амрико дар моҳи октябри соли 2009 дар ҷараёни силсилабоздидҳояш аз Аврупои Марказӣ аз Руминия низ боздид карда буд. Дар ҷараёни ин боздид Байден пешниҳод кард, ки ба ҷои барномаҳои сипари дифои зидди мушакии давраи Ҷорҷ Буш сипари зидди мушакӣ дар Румния мустақар шавад. Ҷорҷ Буш мехост ин сипари зидди мушакӣ дар Полша ва системи радар дар ҷумҳурии Чех насб шавад.
XS
SM
MD
LG