Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирофоти террорист Умар Фаррух ба бозрасон


Яке аз мақомоти қонунгузор ба хабаргузории Ассошиейтед Пресс гуфтааст, ки Умар Фаррух Абдулмуталлаб-шаҳрванди Нигерия, ки 25-ӯми декабр талош дошт ҳавопаймои амрикоиро дар ҳаво мунфаҷир созад, ба бозрасон дар бораи ҳамдастонаш дар Яман ва шӯъбаи ал Қоида дар ин кишвар маълумот додааст. Эътирофоти вай бар зидди Анвар ал Авлакӣ-тундрави яманӣ муҳим аст, зеро чунин маълумот ба мақомоти интизомӣ кӯмак мекунад, ки онҳо дар манотиқи дурафтодаи кӯҳистони Яман вайро боздошт кунанд ё аз байн бибаранд.
XS
SM
MD
LG