Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шаҳрванди Тайван барои ҳамкорӣ бо Эрон боздошт шуд


Як шаҳрванди Тайван бо номи Йӣ Лан Чен ба иттиҳоми судури коло барои барномаҳои мушакии Эрон дар Амрико бо иҷозаи додгоҳи федеролии аёлати Флорида зиндонӣ шудааст. Вай ин корро бар хилофи таҳримҳои Амрико анҷом додааст. Йӣ Лан Чен 40 сола аст ва бо номи Кевин Чен низ шинохта шудааст. Вай барои фароҳам сохтани заминаҳои харидорӣ ва судури колоҳои мухталифи мавриди истифодаи дугона аз Амрико ба Эрон муттаҳам дониста мешавад. Ин колоҳо аз Амрико ба Тайвану Ҳонг Конг ва сипас аз он ҷо ба Эрон интиқол дода мешуданд. Дар гузориши ахири вазорати дифои Амрико омада буд, ки Эрон мушакҳои бодори худро такмил додааст ва бурди ин мушакҳо то ба Ховари Миёна ва Аврупои Шарқӣ мерасад.
XS
SM
MD
LG