Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавофуқи Руминия ба пешниҳоди низомии Амрико


Трайан Басеску – раиси ҷумҳури Руминия, имрӯз гуфт, кишвараш ба ҷойгир кардани мушакҳои миёнапарвози боздорандаи Амрико тавофуқ кардааст, ки бахше аз сипари дифоъии мушакии Иёлоти Муттаҳида хоҳад буд. Трайан Басеску дар нишасти Шӯрои амнияти миллии Руминия гуфт, “Барак Обама - раиси ҷумҳури Амрико аз Руминия расман даъват кардааст, то бахше аз сипари дифоъӣ бошад.” Раиси ҷумҳури Руминия гуфт, кишвараш барои ширкат дар ин системи дифоъӣ ризоият додааст, ки “тамоми қаламрави Руминияро” муҳофизат хоҳад кард ва набояд, чизи душманона алайҳи Русия арзёбӣ шавад. Ба гуфтаи Трайан Басеску, мушакҳои боздорандаи заминӣ аз соли 2015 дар кишвараш ҷойгир карда мешаванд.
XS
SM
MD
LG