Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷазои додгоҳ ба "як афсари бадрафтори Русия"


Додгоҳи низомии вилояти Ленингради Русия як афсари воҳиди низомии воқеъ дар ин вилоятро барои бадрафторӣ ва латукӯби сарбозон ба се соли шартии зиндон маҳкум кардааст. Таҳқиқи қазияи латукӯби сарбозон дар воҳиди низомии Каменка соли гузашта шурӯъ шуд ва ду афсари дигар ҳам барои бадрафторӣ бо сарбозон ҷазо гирифтанд. Элла Полякова – раҳбари созмони ғайриҳукуматии “Модарони сарбозони Санкт Петербург”, ба бахши русии Радиои Озодӣ гуфт, додгоҳ ҳукмҳои сабуке алайҳи афсарон содир кардааст, агарчӣ онҳо 16 сарбозро бераҳмона латукӯб намуда ва яке аз онҳоро маъюби абадӣ кардаанд. Воҳиди низомии Каменка аз воҳидҳои тарсноку беобрӯи артиши миллии Русия маҳсуб мешавад, ки моҳи декабр ҳайъати фармондеҳии онро ба кулли аз мақомҳояшон барканор карданд.
XS
SM
MD
LG