Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди ҳукумати Ироқ аз ҳукми додгоҳи кишвар


Ҳукумати Ироқ, имрӯз ҳукми додгоҳеро, ки садҳо номзади маҳрумшуда аз ҳаққи ширкат дар интихоботро ба ин корзори сиёсӣ роҳ дод, интиқод кард. Тамоми ин номзадҳоро як кумиссиёни махсус бо ин далел, ки онҳо ба ҳизби ғайриқонунии Баъси Саддом Ҳусайн иртибот доштаанд, аз ҳаққи ширкат дар интихобот маҳрум карда буд. Алӣ Ал-Даббоғ – сухангӯи ҳукумати Ироқ, бо нашри баёнияе, ҳукми додгоҳ дар мавриди роҳ додани 500 нафар довталабро “ғайриқонунӣ” хонд. Фараҷ Ҳайдарӣ - раиси кумиссиёни интихоботи Ироқ, гуфт, аз Шӯрои Олии Адлияи Ироқ хостаанд, то ҳукми додгоҳро аз нав баррасӣ кунад. Баҳсҳо доир ба ин қазия нигарониҳо доир ба интихоботи порлумонии Ироқро барангехт. Баъзе аз раҳбарони сиёсии суннимазҳаби Ироқ иддаъо кардаанд, ки ҳукумат мехоҳад бо роҳ надодани он номзадҳои аксаран суннимазҳаб, ҳукумати умдатан шиъамазҳбаро тақвият бубахшад.
XS
SM
MD
LG