Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико роҳ ба бозорҳои Чинро мехоҳад


Ин дастфишурданҳои раҳбарони ду кишвар дар охири соли гузашта буд.
Ин дастфишурданҳои раҳбарони ду кишвар дар охири соли гузашта буд.
Даъвои Амрико

Барак Обама, раисҷумҳури Амрико, гуфт, ҳукуматаш фишорро ба Чин афзоиш медиҳад, то ин кишвар бозорҳои дохилиашро барои
тиҷорати дуҷониба боз кунад. Ҳангоми мулоқот бо сенаторҳои Ҳизби Демократ дар шаҳри Вашингтон Барак Обама гуфт, агар Амрико тиҷораташ бо Осиёро ҳатто як дарсад биафзояд, дар кишвар ҳазорон ва шояд миллионҳо ҷойҳои кории нав пайдо шавад. Вай гуфт, бисёр муҳим аст, то Чинро ба риояи меъёрҳои мавҷуди тиҷорат водор кунанд.

Барак Обама масъалаи хордори қурби юанро матраҳ кард, ки Амрико солҳо боз мегӯяд, ҳукумати Чин ба таври сунъӣ онро поён нигаҳ медорад. Ба гуфтаи коршиносон, юани чинӣ ҳоло дар баробари дигар арзҳои хориҷии аслӣ 30 ва дар баробари доллар 40 дарсад беарзиш аст. Ба гуфтаи Барак Обама, дар чунин ҳол танҳо ширкатҳои чинӣ фоида мебинанд, ки молашон барои хориҷиён арзонтар меафтад. Масъалаи мазкур зоҳиран дар моҳи апрел баъди гузориши вазорати хазонадории Амрико дигарбора матраҳ хоҳад шуд. Барак Обама гуфт, танҳо чизе, ки дар қиболи Чин аз он кор нахоҳад гирифт, иқдомоти протексионистӣ аст.

Посухи Чин

Ҳукумати Чин ба ин эъломиҳояи Барак Обама бо хашм вокуниш нишон дод. Ма Жаоху, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Чин, ба хабарнигорон гуфт, кишвараш дониста касри тиҷораташ бо Амрикоро зиёд намекунад. Ӯ дигарбора таъкид кард, ки қурби юан дар баробари доллару дигар арзҳо муносиб аст, зеро ин арзиш бар пояи вазъи бозори молии Чин таъйин шудааст. Ма Жаоху гуфт, иттиҳомоту фишор мушкилро ҳал нахоҳад кард.

Муносиботи мушкил

Масъалаи тиҷорату қурби пул, танҳо як масъалаи дарднок дар равобити Амрикову Чин аст. Ҳукумати Чин ҳамчунин аз он асабониву хамшгин аст, ки Амрико мехоҳад, ба Тайван дар ҳудуди тақрибан шашуним миллиард доллар силоҳ бифурӯшад, ки ин ҷазираро Чин як қаламрави ҷудоихоҳи худ медонад. Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Чин гуфт, тасмими кишвар барои таҳрими ширкатҳои силоҳфурӯш ба Чин “кори дуруст» аст.

Масъалаи ҳассоси дигар дар муносиботи ду кишвар интиқоди Иёлоти Муттаҳида аз ноозодии Интернет дар Чин аст. Чанде пеш ширкати амрикоии “Гугл” таҳдид кард, ки бинобар сонсур ва амалҳои харобкорона дар имейлҳои муштариёнаш, фаъолияташ дар Чинро хотима медиҳад.

Далай Лама

Зоҳиран, сафари қарибулвуқӯъи Далай Лама, пешвои рӯҳонии тибетиён, ба Амрико, ба равобити ду кишвар боз ҳам латмаи дигар хоҳад зад. Чин, ки Далай Ламаро як пешвои ҷудоихоҳ медонад, аз Барак Обама хостааст, бо ӯ мулоқот накунад. Аммо сухангӯи Кохи Сафед Билл Бартон аввали ҳамин ҳафта гуфт, Барак Обама ба раҳбарони Чин гуфтааст, ки бо Далай Лама мулоқот хоҳад кард ва аз нияташ ҳам даст накашидааст.
XS
SM
MD
LG