Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аз 61 ҳавзаи интихоботи вакилон ба маҷлиси вилоятӣ дар Бадахшон дар 17- тоашон соҳибкорон барои дарёфти мақоми вакилӣ талош меварзанд. Дар ҳавзаҳои шаҳрӣ низ чор нафар соҳибкори шинохта номзад ба вакилӣ гардиданд.

Раиси комисияи интихоботии шаҳри Хоруғ Тоҳирбек Шодмонбеков сабаби таваҷҷӯҳи афзояндаи соҳибкорон ба мақоми вакилӣ дар маҷлисҳои маҳаллии Бадахшонро таи солҳои охир дар он мебинад, ки соҳибкорон ашхоси корчаллон ва лаёқатманд буда, бо истифода аз ҳуқуқҳое, ки қавонини ҷумҳурӣ барои ҳар як шаҳрванд кафолат медиҳад, мехоҳанд дар ҳаёти иқтисодиву сиёсии кишвар саҳми бештаре дошта бошанд.

Аммо раиси Ассотсиатсияи занони соҳибкори Бадахшон Нигина Ватанбекова вакилони соҳибкорро, ки то ин дам дар курсии маҷлисҳои маҳаллӣ онҳоро намояндагӣ мекарданд, вакилони ғайрифаъол унвон карда, гуфт, онҳо барои дифоъ аз ҳуқуқ ва манофеъи соҳибкорон саъй наварзидаанд. Раиси занони соҳибкори вилоят афзоиши шумори довталабонро ба мақоми вакилӣ аз байни соҳибкорон кушиши паноҳ ҷустани соҳибкорон зери қаноти маҷлисҳои маҳаллӣ ба хотири халосӣ аз санҷишҳо ва фишори намояндагони мақомот арзёбӣ мекунад.

Ба гуфтаи як соҳибкор аз Хоруғ, ки нахост номаш зикр шавад, вай пас аз мурофиаи тӯлонии додгоҳӣ, ки ахиран ҳуқуқи молик буданашро собит кард, ба хулосае омад, ки дарёфти ҳуқуқи мақоми вакилӣ дар маҷлиси вилоятӣ эҳтимолияти рубару гардиданаш ба қонуншиканиҳо аз ҷониби мақомотро камтар мекунад ва кафолати ҳифозати молаш бештар хоҳад шуд. Вай гуфт, ба ин манзур ӯ худро дар ҳавзаи вилоятӣ номзад ба вакилӣ пешбарӣ кард, аммо ҲХДТ бо ташаббуси худ вайро чун намояндаи ин ҳизб дар ҳавзаи шаҳрӣ номзад карда, мухолифат варзидан бо ин тасмим барояш гарон хоҳад афтод ва аз ин рӯ вай ризоият додааст.

Коршиносон аъзои ҲХДТ будани аксари кулли соҳибкорони номзад ба вакилӣ ва ва кӯшиши маҳз дар маҷлиси вакилони вилоят ҷой гирифтани онҳоро ба он рабт медиҳанд, ки соҳибкорон наздикӣ ба мақоми аввали вилоят ва вакили маҷлиси вилоятиро имконияти беҳтари ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳояшон мешуморанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG