Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоли нахустин гурӯҳи маҳбусони афғон


Тибқи созишномаи миёни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Афғонистон имрӯз аввалин гурӯҳи маҳбусони афғон иборат аз 81 нафар зиндонҳои Тоҷикистонро ба қасди ватани худ тарк намуданд.

Сайид Муҳаммад Хайрхоҳ, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, гурӯҳи нахустини маҳбусон иборат аз 81 нафар рӯзи 4-уми феврал аз тариқи Шерхон-Бандар ба Афғонистон интиқол ёфтанд ва боқии ҳукмро дар маҳбасҳои Афғонистон сипарӣ хоҳанд кард.

Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, дар зиндонҳои ин кишвар қариб 200 маҳбуси дигари афғон боқӣ мондааст, ки онҳо низ дар рӯзҳои наздик бояд ба афғонистон мунтақил шаванд ва мӯҳлати боқимондаи ҳукми худро дар он ҷо адо бикунанд.

Ба гуфтаи сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, аксари шаҳрвандони кишвараш бо ҷурмҳои убури ғайриқонунии марз ва даст доштан дар интиқоли маводи мухаддир маҳбус шудаанд.

Интиқоли зиндониёни афғон ба ватанашон дар чаҳорчӯби санади имзошуда миёни ин ду кишвар сурат гирифтааст. Барои бурдани ин зиндониён ахиран як ҳайати мураттаб аз намояндагони ниҳодҳои интизомии он кишвар ба Тоҷикистон омада буд.

Департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон мегӯяд, шаҳрвандони тоҷик, ки дар Афғонистон ҷиноят содир карда ва бо ҳукми додгоҳҳои ин кишвар зиндонӣ шудаанд, низ ба ватан оварда мешаванд. Бар тибқи иттилоъи сафири Кобул дар Душанбе, дар Афғонистон 8 шаҳрванди Тоҷикистон паси панҷара нишастаанд ва Кобул омода аст, онҳоро ба Тоҷикистон бозпас бидиҳад.

Гуфта мешавад, масъалаи интиқоли онҳо дар ҳоле ҳал мешавад, ки худи маҳкумшудагон дархости идомаи ҷазо дар ватанро пеш гузоранд. Дар ҳоли ҳозир, се нафар аз онҳо хостаанд, то ба Тоҷикистон баргарданд. Бар пояи тавофуқи миёни ин ду кишвар ва низ мавозини байналмилалӣ Тоҷикистон бояд ҳукми муҷозоти онҳоро бидуни тағйир боқӣ гузорад.

Дар ҳамин ҳол, бино бар иттилоъи ББС як шаҳрванди Тоҷикистон дар зиндони Пули Чархии Афғонистон мунтазири иҷрои ҳукми қатлаш аст. Он шаҳрванди Тоҷикистон соли гузашта бо иттиҳоми терроризм боздошт ва ба қатл маҳкум шуда будааст.
XS
SM
MD
LG