Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин талоши пажӯҳиши рӯзноманигории муосир


Барои нахустин бор дар Тоҷикистон китоби таълимӣ дар мавзӯъи рӯзноманигории муосири кишвар ба чоп расидааст.

Китоби мазкур таърихи муоcири журналистикаи тоҷик аз оғози солҳои навад то имрӯзро дар бар мегирад. Дар ин китоб вижагиҳои ташаккул ва равандҳои рушди журналистикаи муосири тоҷикистон баррасӣ шудааст. Як бахши аслии китоб ба таърихи пайдоиш ва рушди расонаҳои мустақил дар кишвар бахшида шудааст.

Ҳамчунин, аз ин китоб метавон оид ба таъсири вазъи иқтисодиву иҷтимоъӣ ва ҳуқуқӣ дар кишвар ба расонаҳо огоҳ шуд. Бар илова, барои аввалин бор матбуоти Тоҷикистон аз нигоҳи типологӣ тақсимбандӣ шудааст.

Китоби мазкур ба ҳайси маводи дарсӣ дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия истифода хоҳад шуд. Муаллифи китоб омӯзгори Донишгоҳи славянӣ, номзади улуми филологӣ Мирсаид Султонов, мегӯяд, мегӯяд, рӯзноманигории муосири Тоҷикистон, бахусус рӯзноманигории солҳои аввали истиқлол дар таърихи журналистикаи тоҷик мавқеъи муҳим ва чашмрас дорад, вале то ба ҳол мавриди пажӯҳиши ҳамаҷониба қарор наёфта буд ва бисёре аз паҳлӯҳои ин даврон мунтазири тадқиқот ҳастанд.

Ҷаноби Султонов мегӯяд, дар ин китоби таълимӣ саъй кардааст, то маҷмуъи равандҳо ва масоили марбут ба расонаҳои муосири кишварро ба риштаи таҳлил кашад. Пажӯҳишгар бар ин бовар аст, ки фарогирии тамоми ҷанбаъҳои журналистикаи муосир кори осон нест ва ният дорад, то пажӯҳиши ин соҳаро идома бидиҳад.
XS
SM
MD
LG