Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳдиди Юлия Тимошенко барои даъват ба тазоҳурот


Юлия Тимошенко – номзад ба мақоми раёсати ҷумҳури Украин, таҳдид кард, ки дар сурати тақаллуб дар интихобот мардумро ба тазоҳурот даъват хоҳад кард. Вай дар ин бора имрӯз зимни як нишасти хабарӣ сухан гуфт. Юлия Тимошенко – нахуствазири Украина, рӯзи чаҳоршанбе, рақибаш Виктор Януковичро ба он муттаҳам кард, ки мехоҳад, бо ислоҳи қонуни интихобот, ин маъракаи сиёсиро аз роҳаш хориҷ кунад. Дар сурати ислоҳи қонун, намояндагони номзадҳо ҳақ нахоҳанд дошт, зимни ҳисоби раъйҳо дар ҳавзаҳои интихоботӣ ширкат кунанд.
XS
SM
MD
LG