Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Авҷ гирифтани танишҳо миёни Чину Амрико


Ҳукумати Чин имрӯз, интиқоди Амрико аз сиёсатҳои молӣ ва тиҷоратиашро рад карда ва танишҳо миёни ду кишвар дар чанде аз масоилро боло бурд. Рӯзи чаҳоршанбе, Барак Обама – раиси ҷумҳури Амрико, гуфт, ҳукуматаш дар иҷрои меъёрҳои тиҷорат Чинро сахт хоҳад гирифт ва зери фишори муназзам қарор хоҳад дод, то бозорашро ба рӯи молҳои амрикоӣ ҳарчӣ бештар боз кунад. Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Чин имрӯз гуфт, “бо иттиҳомот ва фишор мушкилро наметавон ҳал кард.” Вай таъкид кард, ки қурби юан пули чинӣ дар баробари доллари амрикоӣ муносиб аст, бо вуҷуди шикояти Амрико, ки гуфтааст, қурби поёни юан ҳамеша ба манфиати ширкатҳои чинӣ будааст.
XS
SM
MD
LG