Пайвандҳои дастрасӣ

Чин мойил ба сӯҳбат таҳрим алайҳи Эрон нест


Янг Йечӣ - вазири умури хориҷаи Чин, имрӯз ҳушдор дод, ки баррасии таҳримоти нав алайҳи Эрон, метавонад, монеъи талошҳои дипломатӣ барои ҳалли бӯҳрони барномаҳои атомии ин кишвар шавад. Маҳмуди Аҳмадинажод – раиси ҷумҳури Эрон аввали ин ҳафта гуфт, кишвараш омода аст, ураниуми ғализии ками худро барои ҳосил кардани сӯхти лозим барои реакторҳояш ба хориҷ бифристад. Ин созишро Эрон соли гузашта рад карда буд. Давлати Эрон мегӯяд, барномаҳои атомиаш сулҳомез аст, аммо кишварҳои ғарбӣ бим доранд, ки Эрон мехоҳад, таҳти пӯшиши ин барномаҳо силоҳи атомӣ бисозад. Янг Йечӣ имрӯз гуфт, ҳоло вақти “сӯҳбат дар мавриди таҳримот” нест, зеро ин кор “метавонад, монеъи пайдо кардани роҳи ҳалли дипломатӣ” шавад.
XS
SM
MD
LG