Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳаммад Эгамзод, Роҳбари Медиаҳолдинги тоҷикии TAJINFO дар Федератсияи Русия, мутахассиси соҳаи муносиботи байналмилалӣ.

Номаи сарвазири Узбакистон Шавкат Мирзиёев унвонии ҳамтои тоҷикистонии ӯ Оқил Оқилов, бегумон дар фазои муносиботи гарон ва бе ин ҳам баҳсноки ду кишвари ҳамсоя дар робита ба масъалаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" дар Тоҷикистон, равзанаи тозаеро ба миён овард, ки дар он аҷаб нест аз ин пас баъди баёнияҳои дипломатии ҷонибҳо, изҳори назари мутахассисони соҳа аз ҳарду тараф ва сару садоҳои ҷудогона, «ҷанг»-и воқеии иттилоотӣ ба роҳ андохта шавад. Аниқтар, ин ҷанг пештар шурӯъ шуда буд ва аз ин баъд он бо шиддат ва бо самту стратегияи нав авҷ хоҳад гирифт.

Нашри номаи эътирозии сарвазири Узбакистон дар рӯзномаи русзабони хукуматии Узбакистон - "Правда Востока" ишора бар он аст, ки кишвари ҳамсоя дар ин самт тасмими қатъӣ гирифтааст. Элитаи сиёсии Тоҷикистон ва дастгоҳи иттилоотии мо то кадом дараҷа ба ин «ҷанг» омодааст?

Воқеан, бо кувва ва нерӯи дохилӣ ба анҷом расондани сохтмони Роғун, ки тӯли чанд моҳи ахир ҳамчун андешаи миллӣ дар ақлу зеҳни мардум ҷой дода шуд, дар ниҳоят афкори умумро ба миён овард ва аз ҷониби ҷомеаи кишвар дастгирӣ ёфт. Акнун ин андешаро бо назардошти манфиатҳои миллияш Тоҷикистон бояд тарзе ба ҳамон равзанаи нав, ё бо ибораи дигар «новая линия информационной войны» бикашад, ки барои ба миён овардани афкори умум дар минтақа ва арсаи байналмилалӣ оиди моҳияти ин иншооти азим замина фароҳам орад.

Узбакистон бо изҳори нигаронии худ, ки гӯё «тарҳи Роғун қариб 40 сол пеш бо имкониятхои кӯхнаи лоиҳакашӣ ва технологӣ омода шуда, ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест ва дар ҳоли татбиқаш метавонад, мувозанати нозуки экологиро дар минтақа барҳам занад» ва бо ёдовар шудан аз «бӯҳрони Арал, ҳаҷми интиқоли об ба кишварҳои дигар…»- мехоҳад ин масъаларо, ки то ин дам танҳо худаш манфиатдори манъи сохтмони Роғун буд, фарохтар ба фазои баҳснок дар минтақа ва ҷаҳон бикашад. Ин баръало, аз оғози марҳилаи наву шадиди ҷанги иттилоотӣ, ки ҳамчун яке аз самтҳои асосии бозии сиёсии геополитикӣ маҳсуб мешавад, дарак медиҳад. Зери ин мафҳум одатан маҷмӯаи корҳои иттилоотӣ-таблигӣ дар назар аст, ки дар ҳолати зарурӣ ба хотири таъсир расондан ба афкор ва рафтори одамон, дар маҷмӯъ ҷомеа ба роҳ андохта мешавад. Мо дар ин ҷода бояд ҳамаҷониба, пухтаву баркашида ва нишонрас кор барем.

Ба андешаи банда, аввал ин ки таблиғи сохтмони Роғун аз ин пас на танҳо ҳамчун андешаи миллӣ дар Тоҷикистон, балки иқдоме, ки дар сурати иҷрои ин тарҳ кишварҳои ҳаммарзи минтақа низ аз он манфиатдор хоҳанд буд, дар фазои иттилоотӣ бояд ҷой бигирад.
Дуввум, зикри батакрори он ки тарҳи Роғун ҳанӯз аз замони шӯравӣ сарчашма мегирад ва Шӯравии собиқ аз рӯи таҷриба ва шаҳодати таърих ҳеч гоҳ тарҳи «нопухта»-еро рӯи кор наовардааст, бахусус тарҳе, ки аҳамияти бузурги стратегӣ дорад, дар мисоли «Роғун».
Саввум, дар замони қабул ва тарҳрезии ин иншооти муҳим Узбакистон ҳамчун ҷумхурии шӯравӣ дар Осиёи Марказӣ ҳузури чашмгир дошт, аз ин хотир, агар сохтмони Роғун дар Тоҷикистон чуноне, ки элитаи сиёсии узбак имрӯз иддао дорад «ба талаботи рӯз ҷавобгӯ намебуд ва дар ҳоли татбиқаш мувозанати нозуки экологиро дар минтақа барҳам мезад…» Тошканди замони шӯравӣ ҳанӯз ҳамон вақт Маскавро аз ин роҳ бозмедошт.

Ёдам меояд, ханӯз ду сол пеш дар Маскав бо вакили мардумӣ дар Думаи давлатии Русия, марҳум Георгий Тихонов, ки аз чеҳраҳои шинохтаи соҳаи энергетикаи замони шӯравӣ буд, дар сари мавзӯи сохтмони Роғун сӯҳбате доштам. Бино бар шаҳодати ӯ, тарҳи Роғунро дар замони шӯравӣ роҳбари аввали Узбакистон Шароф Рашидов ва сарвари Тоҷикистони шӯравӣ Ҷаббор Расулов бо ҳам якҷо дар идораи «Госплан»-и СССР масъалагузорӣ ва пуштибонӣ кардаанд.

Дар бойгонии шахсиям сабти садои марҳум Георгий Иванович мондааст, ки гуфта буд: «…Строительство самой мощной в Средней Азии гидроэлектростанции – 3,6 миллиона киловатт – было развернуто еще в 1978 году. Значение ее по сей день имеет несколько важнейших аспектов. Во–первых, станция должна вырабатывать до 13 миллиардов кВт/ч. электроэнергии в год, что при нынешних потребностях Таджикистана сулит немалую прибыль от экспорта электроэнергии. Отрадно, что сейчас Президент Таджикистана Эмомали Рахмон придает огромное значение развитию энергосектора страны, делает смелые шаги в направлении осуществления намеченных планов с Россией. Примером послужил запуск первого агрегата Сангтудинской ГЭС.

Сегодня дальнейшее строительство Рогунской ГЭС так же актуально для Таджикистана, как и тридцать лет назад. До приостановки строительства были выполнены самые сложные работы: в горах проложены подъездные автомобильные дороги, пробиты десятки километров туннелей, выполнен основной объем подземных работ, завезено оборудование двух из 6 агрегатов станции. Но я продолжу свою мысль о важности данного строительства для страны.

Во–вторых, образуемое ГЭС водохранилище будет иметь полезную емкость в 9 миллиардов кубических метров, и позволит полностью урегулировать сток Вахша, и обеспечить гарантии полива гигантских сельскохозяйственных площадей. В–третьих, за счет регулирования водостока из Рогуна на действующих вахшских станциях, будет вырабатываться еще миллиард кВт/ч. энергии, а отстоянная вода прекратит заиливание Нурекского водохранилища, что позволит на много лет продлить его производственный потенциал.

– Между Таджикистаном и Узбекистаном давно идет полемика относительно планов строительства плотины Рогунской ГЭС. Как человек знающий историю указанного объекта, не могли бы Вы прокомментировать, разве от всего этого пострадает соседний Узбекистан? Как к строительству Рогунской ГЭС отнеслось в советское время прежнее руководство Узбекистана?

– Могу Вам с полной ответственностью сказать, что ни о какой полемики в отношении строительства Рогунской ГЭС между Таджикистаном и Узбекистаном не может быть и речи, т.к. в строительстве плотины Рогунской ГЭС одновременно заинтересованы и Таджикистан и Узбекистан. От строительства плотины зависит увеличение посевных площадей в Узбекистане. Об этом ясно говорит то, что совместными усилиями 1–й Секретарь ЦК Узбекистана Рашидов Ш.Р. и 1–й Секретарь ЦК Таджикистана Расулов Д.Р. совместно отстаивали в Госплане Советского Союза начало строительства Рогунской ГЭС. До 200 тысяч гектаров дополнительно орошаемых земель мог получить Узбекистан при создании водохранилища Рогунской ГЭС объемом 9 млрд. м3. Опасение забора количества воды в объеме 5 км3 ("мертвый" объем водохранилища) может быть перекрыто за счет дополнительного сброса воды с Сарезского водохранилища, что даст дополнительные гарантии безопасности прорыва Сарезской плотины на Памире.
Я считаю, что строительство Рогунского гидроузла должно превратиться из "яблока раздора" двух государств в инструмент укрепления дружбы между двумя народами!»- гуфта буд дар поёни сӯҳбаташ Г. Тихонов.

Агар иҷрои ин тарҳи муҳим дар минтақа бар зиёни Узбакистон мебуд, магар Шароф Рашидов мегузошт, ки он пиёда гардад? Нахуст ба ҳамин суол бояд аз элитаи сиёсии имрӯзаи кишвари ҳамсоя ҷавоб пурсем. Моҳияти инро мардумони дӯст ва бародари минтақаи Осиёи Марказӣ, бахусус халқи бародари Узбакистон, ки бо мо собиқаи хазорсолаи дӯстӣ дорад, бояд ба хубӣ дарк кунанд.

Тоҷикистон бояд новобаста ба ҳама даъвову нохостанҳои Узбакистон дар ин иқдоми пешгирифтааш истодагирӣ намояд ва сохтмони ин тарҳи азимро ба поён расонад. Зеро, ин тарҳ аз ормонҳои миллати тоҷик бармеояд, ки мехоҳад аз чанголи бӯҳрони энергетикӣ тани хаставу абгорашро раҳо бахшад. Ин корро танҳо дар якҷоягӣ ва ҳамдастӣ, ваҳдати миллат ва ору номуси меҳанпарастӣ метавон сарбаландона ба анҷом расонд.

Шукр, ки ҳамингуна фазо дар кишвари азиз фароҳам омадааст. Аммо, аз ин пас ҷаҳди Тоҷикистон дар корзори «ҷанги» иттилоотӣ бо ҳамсоякишвари Узбакистон, ки боз хам шадидтар хоҳад буд, пурзӯртар бояд шавад. Ҳатто пурзӯртар аз он, ки маъракаи фурӯши саҳмияҳои Роғун миёни мардум таблиғ шуда буд. Зеро, масъалаи Роғун рӯз ба рӯз аз марзи Ватан ва минтақа фаротар меравад…

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG