Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавсияҳои Созмони Милал ба ҳукумати Тоҷикистон


Кумитаи ҳимоят аз ҳуқуқи кӯдакон дар Созмони Милали Муттаҳид, аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ва фароҳам кардани зиндагии шоиста барои онҳо талоши бештар ба харҷ бидиҳад. Тоҷикистон дар нимаҳои моҳи январ дар ҷаласаи ин кумита гузориш дод, ки тайи солҳои гузашта, ҷиҳати риояти ҳуқуқи кӯдакон ва таъмини зиндагии муносиб барои онҳо чӣ корҳое анҷом додааст. Кумитаи ҳимоят аз ҳуқуқи кӯдакон дар Созмони Милал бо натиҷагирӣ аз ин гузориш, ба ҳукумати Тоҷикистон аз ҷумла тавсия додааст, ки барои коҳиши қашшоқӣ дар миёни кӯдакон саъйу кӯшиш намояд. Созмони Милал ҳамчунин аз вуҷуди никоҳҳои бармаҳали духтарони ноболиғ, аз ҷумла бо мардони оиладор дар деҳоти Тоҷикистон ибрози нигаронӣ карда ва аз ҳукумат хостааст, монеъи чунин издивоҷҳо шавад ва онҳоеро, ки духтарони ноболиғро никоҳ мекунанд, ҷазо бидиҳад.
XS
SM
MD
LG