Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи журналистон (CPJ), қароргоҳаш дар Амрико, аз се додраси Тоҷикистон даъват кард, ки аз даъвои худ бо се нашрияи чопи Душанбе даст бикашанд.

Ҳамоҳангсози барномаҳои барномаҳои CPJ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ Нина Огнянова , гуфтааст, «он ки даъвогарони ин қазия додрасҳои нерӯманд ҳастанд, барои матбуоти озод пайоми бадест.» Бону Огнянова ҳамчунин гуфтааст, агар баҳси додгоҳӣ ба нафъи нашрияҳо анҷом шавад, онҳо аз байн мераванд.

Ду додраси Додгоҳи Олӣ - Нур Нуров ва Улуғбек Мамадшоев ва як додраси додгоҳи шаҳри Душанбе - Фахриддин Додометов, нашрияҳои «Озодагон», «Фараж» ва «Азия-Плюс»-ро бо иттиҳоми тӯҳмат ва паст задани обрӯву эътибори инсон ба додгоҳ кашидаанд. Онҳо хостори қатъи фаъолияти ин нашрияҳо то поёни таҳқиқ ва эълони ҳукми додгоҳ шудаанд ва ҳамчунин зарари маънавии худро 5,5 миллион сомонӣ ҳисоб кардаанд. Сабаби чунин даъво нашри изҳороти вакили дифоъ Солеҳҷон Ҷӯраев дар саҳафоти ин нашрияҳо будааст, ки дар он изҳорот ҷаноби Ҷӯраев адолат дар низоми додгоҳии кишварро зери суол бурдааст. Даъвогарон ҳамчунин аз вакили дифоъ Солеҳҷон Ҷӯраев низ 1,1 миллион сомонии дигар ҷуброн талаб доранд.

Дар як ҷаласаи ибтидоӣ додгоҳи ноҳияи Сино баррасии ин даъворо то ба 23-юми феврал мавқуф боқӣ гузошт.

Коршиносон ин ҳамаро фишор ба матбуоти Тоҷикистон дар остонаи интихоботи парлумонӣ меноманд. Дар баёнияи Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи журналистон аз номи Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақил, омадааст, ин қазия як қисми маърака барои мӯҳри хомӯшӣ задан ба лабони расонаҳои танқидгӯ дар пешорӯи интихобот мебошад. Ҷаноби Қаршибоев ба намунаи мисол қазияҳои додгоҳии «Миллат» ва «Пайкон»-ро низ мисол овардааст.

Ба ҳамин мазмун Созмони байнулмилалии Гузоришгарони бидуни марз, созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон, ба шумули Иттиҳоди рӯзноманигорон, Анҷумани миллиии расонаҳои мустақил, Шӯрои васоити ахбори умум, Бунёди дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон, Маркази таҳқиқоти рӯзноманигорӣ, Созмони "Журналист" ва Мактаби мустақили рӯзноманигорӣ изҳорот пахш карда, нигаронии хешро иброз доштаанд.

Қазияи мазкур севвумин ҳодисаи ба додгоҳ кашида шудани нашрияҳои мустақили Тоҷикистон аст. Қаблан додгоҳ ҳафтаномаи «Пайкон»-ро 300 ҳазор сомонӣ ҷарима баст ва ҳамзамон Вазорати кишоварзӣ бо муроҷиат ба додгоҳ аз ҳафтаномаи «Миллат» 1 миллион сомонӣ ҷуброн мехоҳад. Ин вазорат мегӯяд, дар матлаби "Миллат" тӯҳмат ва паст задани шаъну шарафи кормандони вазорат ҷой дорад.
XS
SM
MD
LG