Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсири бӯҳрони молӣ ба буҷаҳои низомӣ


Дар гузориши Пажӯҳишгоҳи байнулмилалии улуми стротежӣ гуфта шудааст, ки дар соли 2008 масрафҳои кишварҳои олам барои бахши мудофиа ба як триллиону 550 миллиард доллар расида, эҳтимолан соли 2009 низ ин раванд идома кард.

Соли 2006 масрафҳои кишварҳои ҷаҳон барои мудофиа як триллиону 300 миллиардро ташкил дода буд.

Гузориш, ки аз 490 саҳифа иборат аст, 170 кишвари оламро дар бар мегирад. Дар он омадааст, кишварҳои ба монанди Чин, ИМА, Фаронса ва Ҷопон, ки аз нигоҳи масрафҳо ба бахши мудофиа ҷойҳои аввалро ишғол мекунанд, дар 18 моҳи гузашта масрафҳояшонро дар ин бахш афзоиш доданд ё ин ки буҷаҳои низомиашон бетағйир монд.

Мутахассиси иқтисодии бахши мудофиаи Пажӯҳишгоҳи байнулмилалии улуми стротежӣ Марк Стокир нақл кард, ки чаро бӯҳрони молии ҷаҳонӣ ба махориҷи низомӣ дар саросари сайёра чандон таъсири манфӣ надошт:
“Бидуни шубҳа, дар бисёри кишварҳо рукуди масрафҳои низомӣ мушоҳида мешавад ва дар баъзе кишварҳо ин махориҷро коҳиш медиҳанд. Аммо бо сабаби он ки кишварҳои назири Амрико, Чин, Ҳиндустон ва ба як андоза Бразилия, ки аз бузургтарин сармоягузорон ба бахши низомӣ маҳсуб мешаванд, сол ба сол масрафоташонро ба бахши мудофиа афзоиш медиҳанд, мизони масрафҳои низомии умумиҷаҳонӣ афзоиш меёбад.”

Оқои Стокир хотиррасон кард, ки ба хотири поин рафтани қурби доллар болоравии махориҷи низомӣ шояд дар воқеъ начандон чашмрас аст.

Муҳосибаи ин масрафот бо дарназардошти даромади нохолиси ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки дар чанд соли гузашта сарфҳои низомӣ қариб бетағйир мондааст. Ҳамин тавр масрафоти низомӣ дар соли 2008 2,56 дарсади даромади нохолиси умумиҷаҳониро ташкил дод ва аммо соли 2004 ин нишондод 2,6 дарсад буд.

Таъсири бӯҳрони молӣ ба масрафҳои низомӣ дар кишварҳои гуногун мухталиф буд. Русия дар сархати кишварҳое буд, ки махориҷи низомиашро коҳиш додааст. Бино бар гузориш, соли 2009 даромади нохолиси миллии Русия ба 7,5 дарсад коҳиш ёфт ва ба ин сабаб Маскав аз тарҳи нав кардани таҷҳизоти низомӣ ва аслиҳа даст кашид.

Кишварҳои осиёӣ ба монанди Ҳиндустону Чин баръакс махориҷи низомиашонро ба таври чашмрас афзоиш доданд. Дар гузориш гуфта мешавад, баъд аз ҳамлаҳои террористӣ ба шаҳри Мумбай дар моҳи ноябри соли 2008 масрафҳои Ҳиндустон дар соли 2009 ба бахши мудофиа ба 21 дарсад афзоиш ёфт. Дигар кишварҳои минтақа назири Австралия, Индонезия ва Сингапур низ махориҷи низомиашонро афзоиш доданд. Раванди афзудани масрафҳои низомӣ дар соли 2009 дар аксарияти кишварҳои Ховари Миёна низ мушоҳида шудааст, аммо на ба андозаи чашмрас.

Таҳлилгар гуфт, дар даҳсолаи қаблӣ мизони масрафҳои низомӣ дар ҷаҳон бениҳоят боло рафта буд, аммо дар чанд соли баъд аз бӯҳрон мутахассисон пешгӯӣ мекунанд, ки ин раванд сусттар мешавад.

Дар Амрико замони ҳукуматдории Ҷорҷ Буш махориҷи низомӣ қариб ду баробар афзоиш ёфт ва аммо тибқи гузориш дар соли 2009 касри буҷа 12,5 дарсадро ташкил дод ва акнун суръати афзоиши масрафҳо ба бахши мудофиа сустар мешавад.

Интизор меравад, ки аз кишварҳои НАТО танҳо Норвегия ва Дания махориҷи низомиашонро дар соли 2010 афзоиш диҳанд.
XS
SM
MD
LG