Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳороти Фаронса дар бораи барномаи ҳастаии Эрон


Фаронса гуфтааст, агар Эрон дар рафъи нигарониҳои Ғарб аз барномаҳои ҳастаиаш ноком шавад, дар он сурат Фаронса дар СММ бар зидди Эрон таҳримҳои ҷиддӣ пешниҳод мекунад. Рӯзи чаҳоршанбе нахуствазири Фаронса гуфт, ҳукумати Эрон пешниҳодҳои кишварҳои муҳими ҷаҳонро дар бораи музокирот напазируфт ва ба ҷои он иҷрои барномаҳои ҳастаии худро идома дод. Нахуствазири Фаронса мегӯяд, ҳанӯз дер нашудааст, то барои муттаваққиф сохтани иҷоди аслиҳаи ҳастаӣ ё тавоноии низомии Эрон равандҳои сиёсӣ ба кор бурда шавад. Ин дар ҳолест, ки рӯзи чаҳоршанбе раиси ҷумҳури Эрон гуфт, кишвараш омода аст урани худро барои ғанисозӣ ба хориҷ бифиристад.
XS
SM
MD
LG