Раҳбарони Ҳизби кумунист ва ҳизби сабти номнашудаи Алғаи Қазоқистон дархост кардаанд, ки ба иттиҳомоти ришвахории домоди раиси ҷумҳури Қазоқистон расидагии фаврӣ анҷом бигирад. Серикболсин Абделдин-раиси Ҳизби кумунист ва Валадимир Козлов-раиси Ҳизби Алға рӯзи чаҳоршанбе дар Алмаато гуфтаанд, ки шикояти Мухтор Аблиёзов-раиси собиқи бонки БТА-и Қазоқистон набояд сарфи назар шавад ва билофосила бояд ба ин шикоят расидагӣ сурат бигирад. Дар шикоят гуфта мешавад, ки Темур Қулибоев-домоди Нурсултон Назарбоев розӣ шудааст, ки як ширкати чиноӣ дар Қазоқистон ширкати ғйридавлатӣ ташкил диҳад. Аблиёзов гуфтааст, ки тақрибан нисфи саҳмияҳои ин ширкат дар ихтиёри домоди раиси ҷумҳур будааст.