Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси Ожонси Фарҳанг барои намоишгоҳ барканор шуд


Қурмонбек Боқиев-раиси ҷумҳури Қирғизистон раиси Ожонси Фарҳанги кишварашро аз мақом барканор кард, зеро вай ба Мелников-аккоси амрикоӣ иҷоза додааст, ки дар Бишкек намоишгоҳи осори аккосӣ баргузор кунад. Ин намоишгоҳ барои 11-ӯми феврал зери номи "Сарзамини Қирғизистон" барномарезӣ шуда буд ва он ба Русия нигоҳи интиқодӣ дорад. Кубаничбек Исабеков-намояндаи порламон аз ҳизби Оқ Жол зимни суханони худ дар порламон гуфт, ки намоишгоҳи осори Мелников наметавонад баргузор шавад, зеро вай аз Русия интиқод кардааст ва Қирғизистонро "кишвари ғуломон" номидааст. Баъд аз ин раиси ҷумҳур Султон Раев-раиси Ожонси Фарҳангро аз мақмом барканор кард.
XS
SM
MD
LG