Пайвандҳои дастрасӣ

Исроил ба оғози музокира бо Фаластин бовар дорад


Бенямин Нетаняҳу-нахуствазири Исроил мегӯяд, ба бовари вай музокирот бо Фаластин метавонад дар ҳафтаҳои оянда аз сар гирифта шавад. Вай дар бораи музокирот тавзеҳот надод, вале як мақоми расмӣ, ки аз бурдани номаш худдорӣ варзид, ишора кард, ки Исроил даст ба иқдоми ғайримаъмулӣ хоҳад зад, то Фаластинро ба музокира розӣ созад. Фаластиниҳо мегӯянд, ки исроилиҳо қабл аз оғози музокирот бояд сохтмони маҳаллоти аҳолинишинро дар каронаи ғарбии рӯди Урдун хотима диҳанд.
XS
SM
MD
LG