Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Нию Йорк 7 нафар аз хокаи сафед заҳрогин шуданд


Мақомоти наҷот мегӯянд, 7 нафар дар як бинои ҳукумати федеролӣ дар Нию Йорк аз хока ё пудраи шубҳаовар осеб дидаанд. Дар ин бино чанд муассиса, аз ҷумла Дафтари Федеролии Бозрасӣ ё FBI ва Хадамоти муҳоҷирати Амрико ҷой гирифтаанд. Хадамоти оташнишонии ин бино гуфтааст, ононе, ки дар табақаи 40-ӯми ин бино осеб дидаанд, ба зудӣ аз кӯмаки хадамоти фаврӣ бархурдор шудаанд. Мақомоти зидахли Амрико аз соли 2001 ба ин сӯ дар ҳолати омодабош қарор доранд. Он вақт тавассути номаҳо ба намояндагони порламон хокаи сафеди заҳрогин фиристода шуд ва дар натиҷа 5 нафар ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG