Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тимошенко аз Янукович интиқод кард


Юлия Тимошенко-номзади мақоми раёсати ҷумҳурии Украина рақиби интихоботии худ Виктор Януковичро муттаҳам кардааст, ки вай талош дорад дар охирин лаҳзаҳо дар қонуни интихобот тағирот ворид орад ва бад-ин тариқ натиҷаҳои интихоботро зери суол барад. Тимошенко, ки ҳоло мақоми нахуствазириро бар дӯш дорад, мегӯяд, ки иҷборан ба тасвиб расондани тағирот дар қонун аз тариқи порламон ба Виктор Янукович имкон медиҳад, ки вай орои интихобкунандагонро бидуздад. Иловае, ки дар қонун ворид мешавад, ба намояндагони номзадҳо иҷоза намедиҳад, ки онҳо дар ҳавзаҳои инфиродӣ ҳангоми шумориши оро ширкат кунанд. Тимошенко аз Виктор Юшенко-раиси ҷумҳури кунунӣ хостааст, ки ба ин иловаи қонун имзо нагузорад, зеро тасвиби ин илова ба маънои хатми интихоботи одилона дар Украина хоҳад буд. Ҳизби Юшенко аз ин илова ҳимоят кардааст.
XS
SM
MD
LG