Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти боз як ҳомии ҳуқуқи башар дар Эрон


Фаъоли ҳуқуқи башари Эрон Кова Қосимии Кирмоншоҳӣ имрӯз боздошт шуд. Бино ба хабари Радиои Фардо, Кирмоншоҳӣ субҳи имрӯз дар манзилаш дар шаҳри Кирмоншоҳ, дар ғарби Эрон, аз ҷониби нирӯҳои амниятӣ дастгир шуд. Далели боздошти ӯ рӯшан нест, вале маъмурони амниятӣ компютер ва дигар ашёи марбут ба ин ҳомии ҳуқуқи башарро низ бо худ бурдаанд.
Кова Қосимии Кирмоншоҳӣ 25 сол дошта, узви Созмони ҳуқуқи башари Курдистон буд.
XS
SM
MD
LG