Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавонони донишманд - калиди комгорӣ


Имрӯз дар ҳукумати кишвар зарурати вуруди сиёсатмадорони ҷавони дорои тафаккури фарқкунанда пеш омадааст, гуфтааст Шокирҷон Ҳакимов ноиби раиси ҲСДТ дар як изҳороти пеш аз интихоботиаш.

Ӯ меафзояд, ба вазифаҳои роҳбарикунанда, ҷавонон набояд аз рӯйи узвият ба ҳизби ҳоким ва бо дар назардошти маҳалли таваллудашон таъин шаванд. Зеро, ба андешаи намояндаи ҳизби сосиал демократ, фаъолияти ғайриҳирфаии бархе аз мансабдорон гувоҳ аст, ки ин вазъ монеъи рушди ҳамаҷонибаи кишвар гардидааст. Ба андешаи сиёсатшинос, баҳои беҳтарин ба кори дилхоҳ ҳукумат, аз рӯйи сатҳи зиндагии мардум ва ҳифзи иҷтимоии онҳо дода мешавад. Аммо, мегӯяд вай, ҳукумати феълӣ, аз ин зовия чандон муваффақ нест:

«Аз ин хотир, хуб мебуд, ки зимни амалӣ кардани сиёсати давлатии кадрӣ он ҷавононе ҷалб шаванд, ки мансубияти ҳизбиашон ба назар гирифта нашавад. Балки қобилияти ҳирфаияшон ба назар гирифта шуда, ҳадди ақал ба заминаи иҷтимоӣ ва маҳбубияти онҳо миёни мардум бартарият дода шавад. Пас ин боиси ташаккул ёфтани як ҳукумати ваҳдати миллӣ гардида, дар миёни мардум эҳтироми бештарро касб хоҳад кард ».

Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, агар имрӯз ба вазифаҳои роҳбарикунанда намояндагони ҷавони минтақаҳои мухтилифи кишвар ҷалб
шаванд, боз ҳам бо эҳтимоли зиёд аъзои ҳизби халқи демкоратӣ ҳастанд. Вале ҷавонони фаъоли аҳзоби сиёсии дигар ва созмонҳои ҷамъиятие, ки дорои донишҳои замонавиянд, ҷалб намешаванд. Ин ҳол бисёре аз ҷавонони соҳибистеъдодро дилсард карда, боиси ба мардикорӣ ё муҳоҷират рӯ оварданашон шудааст, мегӯяд Шокирҷон Ҳакимов:
«Якум, набудани иродаи сиёсӣ, дуюм, тарсу ҳарос аз ҷавонони боистеъдод, рақобати носолим ва фасод боиси ин гаштааст, ки дар сухан мо ҷонибдори ҷалби ҷавонон ба вазифаҳои роҳбарикунанда ҳастем ва дар амал дигар омилҳои субйективӣ боло мегирад ва дар заминаи бархурди манфиатҳо ҷавонон имкони ворид шудан ба ҳукуматро надоранд».

Ҳарчанд изҳороти пеш аз интихоботии ҲСДТ оид ба ҷалб нашудани шумори бештари ҷавонон ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар ҷомеаи Тоҷикистон мавзӯъи нав несту, борҳо дар васоити ахбори умум ва нишастҳои созмонҳои мухталиф мавриди баҳс қарор гирифтааст, ҳанӯзам бисёре аз ҷавонон бидуни восита ба карйераи муваффақи худ эътимод надоранд. Донишҷӯйи бахши муҳандисии яке аз донишгоҳҳои маркази шаҳр, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, мегӯяд, онҳое, ки бо пардохти маблағ соҳиби ҷойи кор мешаванд, одатан дар пайи баргардонидани маблағҳои сарфшуда буда, фикри ҷомеаро намекунанд:
«Ягон касро дидед, ки бе пул ба кори баланд гузарад? Ҳозир дониш не, пулро эҳтиром мекунанд. Ман ба қадри имкон мехонам. Ояндаамро намедонам чӣ мешавад, шояд роҳи зиндагиамро, ки наёфтам, мардикор шавам. Боз тақдиру насиб...»

Дар ҳамин замина, сиёсатшиноси ҷавон Абдулло Қодирӣ мегӯяд, ба фарқ аз замони Шӯравӣ, имрӯз ҷавонони фаъол бо тавсияи созмонҳои ҷамъиятӣ ва кумитаи кор бо ҷавонон ба ҳукумат роҳ меёбанд. Абдулло Қодирӣ меафзояд, озмунҳое, ки дар вазоратҳои кишвар эълон мешавад, нишони он аст, ки ҳукумат ба ҷавонони забондону дорои дониши муосир имконият медиҳад. Аммо чунин ба назар мерасад, ки ба фарқи замони Шӯравӣ мизони донишмандии ҷавонон поин рафта, шумори ками онҳо ба таълим таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир карда, рақобатпазиранд, меафзояд коршинос:
«Имрӯз дар ноҳияҳои дурдаст сифати таълим поин рафтааст. Аз ин рӯ, як навъи талоши ба сохторҳои ҳукуматӣ роҳ ёфтан камтар аст. Аз сӯйи дигар, паст будани маоши корхонаву сохторҳои давлатӣ ҳам сабаб буда метавонад. Маоше, ки онҳо пешниҳод мекунанд, ҷавононро қонеъ намесозад».

Дар ҳамин ҳол, Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, барои роҳандозии муваффақи сиёсати кадрии Тоҷикистон, хуб мебуд агар ҳукумати кишвар бо истифода аз таҷриба ва захоири зеҳнии аҳзоби дигари сиёсӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ холигии мавҷударо пурра созад. Аммо, коршиносон мегӯянд, боло бурдани ҳаққи меҳнати кормандони сохторҳои давлатӣ рақобатро дар ин самт афзун карда, ба таври табиӣ ҷавонони воқеан лаёқатманд дар саҳнаи сиёсат ва ҳукумати кишвар зоҳир мегарданд.

Гуфтанист, ин ҳама пешниҳод дар ҳоле садо медиҳад, ки ҳоли ҳозир бисёре аз ҷавонони равшанфикру боистеъдод дар сар фикри муҳоҷирати муваққатӣ ё доимии кишварҳои пешрафтаро доранд ё аллакай ба ин орзуи худ то ҳадде расидаанд.
XS
SM
MD
LG