Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзҳои душвори евро


Пули муштараки аврупоӣ - евро душвортарин рӯзҳо дар 11 соли мавҷудияташро аз сар мегузаронад. Ходимони баландпояи Комиссияи аврупоӣ, ниҳоди иҷроияи Иттиҳоди Аврупо, ва Бонки марказии Аврупо роҳҳои таҳкими эътимод ба евро ва мувозинати молӣ миёни 11 кишвари истифодабарандаи пули аврупоиро баҳс доранд. Бӯҳрони саросарии иқтисодӣ вазъи панҷ кишвари минтақаро ба қадри кофӣ вазнин намудааст.

Португалия, Италия, Ирландия, Юнон ва Испания - панҷ узви Иттиҳоди Аврупоро касри бузурги буҷа ва беруншавии суст аз вазъи бӯҳронӣ ба ҳам овардааст. Ин кишварҳоро бо истифода аз ҳарфи аввали ҳар яке аз онҳо ба забони англисӣ PIIGS ва ё хукҳо низ меноманд.

Мушкилоти молии ин панҷ кишвар минтақаи гардиши евро ва қурби пули аврупоиро зери фишор қарор додаанд. Ба хусус аҳволи Юнон нигаронкунанда унвон шудааст. Қарзи Юнон ба 294 миллиард доллар баробар аст, ки аз маҷмуи тавлиди нохолиси миллии ин кишвар бештар мебошад. Сармоягузорони хориҷӣ аз он дар ташвишанд, ки панҷ кишвари гурӯҳи PIIGS ба вижа Юнон имкон доранд, ки варшикаста шаванду, қудрати бозгардони қарзҳои хориҷиро аз даст диҳанд. Чунин таҳаввулот метавонад қурби пули аврупоӣ ва дурнамои минтақаи гардиши евроро боз ҳам ногувортар кунад.

Дар 11 соли мавҷудияти евро ин вазъ барои аввалин бор зуҳур намудааст. Ба қавли коршиносон, мушкилӣ ин ҷо нуҳуфтааст, ки минтақаи евро иттиҳоди пулӣ мебошад, на молӣ ё ба истилоҳи иқтисодӣ иттиҳоди монетарӣ аст, на фискалӣ.

Яъне, ҳар яке аз 16 кишвари минтақаи евро худ буҷа ва фаъолиятҳои молиашро назорат мекунад ва ҳаққи дахолати Комиссияи аврупоӣ хеле маҳдуд аст. Ин ниҳод ба истилоҳ стратегия муайян мекунаду, ҳар кишвар худ назорат ва иҷрои онро бар дӯш мегирад.

Рӯзи сеюми феврал дар шаҳри Франкфурти Олмон Комиссияи аврупоӣ ба Юнон таъкид кард, ки то охири соли 2012-ум касри буҷеташро ба назм дароварда, ҳадд-ал-имкон коҳиш диҳад.

Сарвазири Юнон Георги Папандреу, ки барномаи коҳиши касри буҷетро муаррифӣ намуд, миёнаравҳои хориҷиро масъули нокомии кишвараш хонд ва афзуд:
"Юнон масъулиятҳояшро мешиносад. Содиқона гӯям, он масъулияти ҳукуматҳои пештара аст. Юнон дар маркази ҳамлаҳои бузурги судхӯрон қарор гирифтааст, ки он дигаронро ҳам нигарон кардааст. Баъзеҳо шарт мебанданд, ки кишварҳо муфлис мешаванд, дигарон бар ин назаранд, ки евро бо доллар баробар хоҳад шуд. Натиҷаи ин ҳама шартбандиҳо буғӣ шудани иқтисоди кишвари мо хоҳад буд. Тавсеаи чунин рӯйдодҳо дар иртибот бо иқтисоди Юнон комила ноодилона аст."

Вале мансабдорони аврупоӣ аз ин изҳороти сарвазири Юнон зиёд қаноатманд нестанд. Яке аз пешниҳодҳое, ки мақомоти аврупоӣ матраҳ намудаанд, кумак дар бозгардони қарзи панҷ кишвари гурӯҳи PIIGS мебошад. Комиссияи аврупоӣ, ки худ салоҳияти пардохти пулро надорад, аз кишварҳои тавонои узви Иттиҳоди Аврупо хостааст, ба кишварҳои ниёзманд қарз диҳанд.

Таҳлилгарони аврупоӣ мегӯянд, Юнон, Ирландия ва Португалия кишварҳои бузург нестанду, таъсири варшикастагии онҳо низ чандон эҳсос нахоҳад шуд. Вале агар Испания ва ё Италия муфлис шаванд, дарди сари Иттиҳоди Аврупо ба маротиб бештар мешавад. Баъзеҳо ҳатто ҳадс мезанад, ки дар чунин ҳол минтақаи евро барҳам мехӯрад.

Жан Клод Трише, раиси Бонки марказии Аврупо, ин эҳтимолро сафсата номид, вале иқтисодшиноси амрикоӣ Нуриэл Рубинӣ дар Форуми Иқтисодии шаҳри Давос пешбинӣ кард, ки бо мурури замон минтақаи евро маҳдудтар хоҳад шуд.

Шореҳи бонки ВТБ Капитал дар шаҳри Лондон Нейл Маккинон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бисёре аз иқтисоддонҳо мавҷудияти чунин таҳдидро эътироф мекунанд.

Хуллас, то кунун роҳи ҳалле пайдо нашудааст ва ба қавли коршиносон ҳатто дар сурати ҷорӣ намудани пули миллӣ ба ҷои евро аҳволи кишварҳо беҳбуд нахоҳад ёфт, зеро табъу нашр ва ба гардиш даровардани пули нав харҷи бузурге дар пай дорад.
XS
SM
MD
LG