Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сухану паёми номзадҳо ба интихобкунандагон бояд чигуна бошад, ки дилу зеҳни онҳоро тасхир кунад? Агар аз рӯи ончӣ ман дар чанд мулоқоти номзадҳо бо интихобкунандагон шунидам, натиҷагирӣ кунам, ба назарам чунин меояд, ки гӯё онҳо чандон аз таҳти дил хоҳишманди пирӯзӣ дар интихобот нестанд.

Яке мегӯяд, ки дар сурати интихоб шуданаш «қонунҳои Тоҷикистонро пурра амалӣ" мекунад. Дувумӣ гуфт: "Дастовардҳoе, ки имрӯз кишвари азизамон дорад, аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аст» ва онҳоро идома хоҳад дод.

Ман намехоҳам номи ин номзадҳоро биёрам, чунки яқин боиси ранҷиши онҳо мегардад. Вале медонам ки мухотабони ман суханин худро мешиносанд. Аммо мумкин аст, ман хато кунам ва онҳо ин суханонро нашиносанд, зеро ҳама як хел сухан мегӯянд ва асосан шиорҳое, ки ҳар кӯдаки мошиншӯи кӯча ҳам онҳоро медонад.

Гуфтаҳои ин номзадон аз паёму ваъдаҳои вакилоне, ки чанд панҷсолааст, дар порлумон менишинанд, фарқе надоранд. Вакилоне, ки 63 мошини сабукрави давлатӣ танҳо ба бурдану овардани онҳо аз парлумон то ба хона ва баръакс машғул мебошанд.

Барномаи номзадҳо ҳарфҳое ҳастанд, ки он гуфтаҳо аз тариқи матуботи мустақил ба риштаи таҳлил кашида шуда буданд ва имрӯз ин ҳизбҳо ва номзадҳо он камбудиҳоро самти барномаи пешазинтихоботии хеш қарор додаанд. Як чиз сахт аламовар аст, ки ягон номзад ҳарфи нав, дарди нави миллатро эҳсос накардааст. Андешааш ба вазни тақдири миллат нест. Чизи дигаре ки касро ба андеша мекашад, ин аст, ки дар ин сабқат онҳое, ки дар ҳақиқат садо доранд ва садояшон вазн дорад, дида намешаванд. Онҳо ба чунин сабқат роҳ намеёбанд ва дар натиҷа маъракаи таблиғот на ҷанги андешаҳову орзуҳо, балки аз силсилаи ҷаласаҳои маҷбурӣ барои мардум иборат мегардад.

Пас оё мешавад гуфт, ки ин як маъракаи тақдирсоз аст? Вақте номзад дар посухи интихобкунанда ҷавоби ҳадди ақал дуруст дода наметавонад ва суханаш дарҳаму барҳам аст ва ин ҳарҷу марҷ аз камдонишию беназмии афкораш маншаъ мегиранд, фардо мо чигуна порлумоне хоҳем дошт.

Бо ин ҳама, даъвоҳо осмониянд. Мубориза барои ҳусни нияти интихобкунандагон на бо истифода аз донишу андешаи амиқ ва сухани оташин ҷараён дорад, балки бо даъвоҳои «кафили миллат, давлат, ислом ва мардум» будан.

Хуб буд, агар маъракаи интихоботӣ на як моҳ, балки чанд моҳ давом мекард ва мардум номзадҳоро беҳтар мешинохт. Мардуми мо шиорзада аст ва шиорҳоро дӯст медорад. Ва ваъдаҳоро. Ҳарчанд медонад, ки ваъдаҳо дар ҳаво мемонанд.

Шояд номзадҳо махсус ин гуна амал мекунанд, то ман ҳамчун интихобкунанда ягон меъёри дурусти баҳо додан ба онҳоро надошта бошам? Охир агар ҳатто интихоби ҳақиқӣ ҳам бошад, ингуна аст, мо аз баду бадтар бадро интихоб мекунем. Меъёру маҳаки заршиносона надорем.

Баъд ҳайрон мешавем, ки чаро вакилони мо хомӯшу хоболуданд ва ё танҳо дар пайи манфиати худ мегарданд ва ё ҳарчӣ аз боло амр шуд, бо таъзим ҷавоб медиҳанд.

Шояд дар ҳимояти манфиати халқ будан маҳаки асосист? Хонумон ва ҷанобони интихобкунанда чӣ назар доранд?

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG