Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Расул Боқиев ба тими Тоҷикистон баргашт


Паҳлавони маъруфи тоҷик Расул Боқиев ба ҳайъати тими Тоҷикистон бармегардад. Имрӯз дар Душанбе миёни ӯ ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва ширкати ТАЛКО қарордоди вижаи ҳамкорӣ ба имзо расид, ки шароити ширкати ӯву мураббиаш Владимир Елчанинов дар мусобиқоти байналмилалӣ, аз ҷумла дар Бозиҳои олимпии ду соли баъд дар Лондон таҳти парчами Тоҷикистонро мушаххас мекунад.
Расул Боқиев дар пайи имзои қарордод гуфт, ҳадафи асосии ӯ акнун пирӯзӣ дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон ва ҳам дар бозиҳои олимпии Лондон аст. Расул Боқиев, барандаи медали биринҷӣ дар Олимпиадаи Пекин, дар тобистони гузашта ба нишони эътироз Тоҷикистонро тарк гуфт ва эълон кард, ки аз ин ба баъд дар мусобиқоти байналмилалӣ таҳти парчами Русия ҳунарнамоӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG