Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ба Димишқ сафири нав мефиристад


Вазири хориҷаи Сурия гуфт, Сурия дархости Вошингтон дар мавриди сабтиноми сафираш дар Димишқро дарёфт кардааст. Ин иқдоми Амрико қадами дигаре дар роҳи беҳбуди равобиташ бо Сурия арзёбӣ мешавад.
Амрико сафираш аз Сурияро соли 2005 дар пайи ба даст доштан дар қатли сарвазири собиқи Лубнон Рафиқ Ҳарирӣ муттаҳам кардани Димишқ фаро хонда буд. Сурия ҳар навъ даст доштанаш дар қатли Ҳаририро радд мекунад.
Вазорати умури хориҷии Амрико дар моҳи июни гузашта бидуни овардани кадом таърихи мушаххаси рӯз гуфт, дар Димишқ сафири ҷадид таъйин хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG