Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазири умури дохилии Тоҷикистон, Абдураҳим Қаҳҳоров мегӯяд, ислоҳотро дар ниҳодҳои умури дохилии кишвар идома хоҳад дод ва назорати ҳаракат дар роҳҳоро компютерӣ хоҳад кард.

Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон, дар сӯҳбати он-лайни Озодӣ ба ҳудуди сад суоли хонандагони торнамо посух дод. Аксари кулли ин суолҳо ба фасод ва ришвахорӣ дар миёни мақомоти интизомӣ, махсусан Бозрасии давлатии автомобилӣ ва одобу муоширати кормандони ин соҳа рабт доштанд.

Ҷаноби Қаҳҳоров дар оғози ин сӯҳбаташ ба шунавандаҳои Радиои Озодӣ ва хонандагони торнамои Озодӣ барои таваҷҷӯҳашон ба ин сӯҳбат ва суолҳои шуҷоъонаашон сипос гуфт.

Ҷаноби Қаҳҳоров дар мусоҳибаи мустақими интернетӣ бо хонандагони сомонаи Радиои Озодӣ гуфт, аз нахустин рӯзҳои оғози фаъолияташ дар мақоми вазири умури дохилӣ ба масъалаи одобу рафтори ҳамидаи кормандони милиса, муоширати ҳалим бо шаҳрвандон ва ҳамхизматон, аз байн бурдани қонуншиканӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ ва махсусан мубориза бо фасодро дар ин ришта ҳадафи худ қарор додааст.



Дар робита ба шикоятҳо аз фаъолияти кормандони умури дохилӣ, ҷаноби Қаҳҳоров гуфт, "ҷинояту қонуншиканӣ аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ яке аз масъалаҳои муҳимест, ки роҳбарияти ВКД ба он диққати ҷиддӣ медиҳад ва барои аз байн бурдани ин ҳолатҳои иснодовар пайваста чорабиниҳои махсуси пешгирикунанда ва тарбиявию ахлоқӣ доир менамояд."

Вай иқрор кард, ки аз вазъи мавҷуда қаноатманд нест ва афзуд: "Дар натиҷаи гузаронидани тафтишу санҷишҳои хизматӣ, чи тавре ман қаблан қайд карда гузаштам, танҳо дар соли 2009 504 нафар кормандон бо сабабҳои манфӣ аз мақомоти корҳои дохилӣ хориҷ карда шуда, аз он 55 нафар бо ҳукми судҳо ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд. Гузаронидани чунин чорабиниҳо идома дорад."

Аз он ҷо як бахши умдаи шикоятҳо ба фаъолияти кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ дахл доштанд, ҷаноби вазир гуфт, ки барои аз байн бурдани ҳолатҳои муноқишавӣ байни иштирокчиёни ҳаракати роҳ ва нозирони роҳбонӣ феълан пешбинӣ шудааст, ки системаи автоматикунонидашудаи назорати роҳ таҳия ва дар амал ҷорӣ хоҳад гашт.

Вай афзуд: "Ҳангоми манъ намудани воситаи нақлиёт кормандони БДА вазифадоранд, ки ба назди автомашина рафта, саломи низомӣ дода, худро шиносонанд ва ҳангоми шиносоӣ аниқ ва кўтоҳ вазифа, унвон ва насаби худро номбар кунанд. Баъди санҷиши ҳуҷатҳо ба таври расмӣ, меҳрубонона, кӯтоҳ ва фаҳмо сабаб ва мақсади худро хабар диҳад."

Генерал Қаҳҳоров дар посух ба суоли яке аз ширкаткунандагони мусоҳибаи мустақим гуфт, "ҳангоми ба кор гирифтани номзад маҳали таваллуд ба эътибор гирифта намешавад. Муҳим он аст, ки тахассус ва дониши номзад ба талабот ҷавобгў бошад."

Дар ҷавоб ба саволи дигар гуфт: "Ҳеҷ як корманди ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои дигари давлатӣ (андоз, бонк ва ғайра) ҳуқуқ надоранд, ки ба тариқи зўроварӣ ба хонаҳои шаҳрвандон дарояд. Дар сурати мавҷуд будани далели напардохтани пули барқ, газ, қарзи бонкҳо ва дигар пардохтҳо мақомоти дахлдор бояд шаҳрвандонро ба тариқи расмӣ огоҳ намояд. Дар сурати саркашӣ намудан аз пардохт, мақомоти дахлдор ҳуқуқ дорад, ки нисбати ин шаҳрванд ба мақомоти судӣ муроҷиат намояд."

Матни мукаммали сӯҳбати интернетии вазири умури дохилии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоровро бо хонандагони сомонаи Радиои Озодӣ ин ҷо мутолиа кунед.
Вазири умури дохилии Тоҷикистон, Абдураҳим Қаҳҳоров номзади илми ҳуқуқ буда, пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар соли 1974 ва Академияи ВКД-и Шӯравӣ дар соли 1979 дар вазифаҳои гуногун кор кардааст. Дар солҳои 1987-1992 муовини вазир ва дар солҳои 1992-1993 ва 2000-2006 муовини аввали вазири корҳои дохилӣ буд. 29-уми январи соли 2009 вазири корҳои дохилӣ таъин гардид.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG