Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон масъулияти ҳамлаи Шоҳикоторо ба дӯш гирифт


Масъулияти бомбгузории хунин дар минтақаи Шоҳикото дар шимолуғарби Покистонро Толибон бар ӯҳда гирифт. Сухангӯи Таҳрики Толибони Покистон Аъзам Тариқ гуфтааст, ки онҳо чунин ҳамалотро болои амрикоиҳо идома хоҳанд дод.
Бар асари таркиши бомб дар наздикии як мактаби духтарона дар Шоҳикото дасти кам 10 нафар, бо шумули 3 сарбози Амрико ва се кӯдак, кушта шуданд. Сухангӯи артиши Покистон генерал Атҳар Аббос гуфт, сарбозони амрикоӣ дар ин минтақа ба воҳидҳои шибҳанизомӣ шеваҳои беҳтари набард алайҳи ҷангиёни ал-Қоида ва Толибонро таълим медоданд. Дар таркиши Шоҳикото дастикам 70 тани дигар, аз ҷумла 60 толибилми мактаби духтарона, ҷароҳат бардоштаанд.
XS
SM
MD
LG