Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бурқаъ монеъи ахзи шаҳрвандӣ хоҳад шуд


Сарвазири Фаронса Франсуа Филлон гуфт, ба дастуре имзо хоҳад гузошт, ки ироаи шаҳрвандии ин кишвар ба мардеро, ки ҳамсарони худро ба пӯшидани сатри исломӣ ва бурқаъ маҷбур мекунанд, радд мекунад. Филлон ба радиои Фаронса гуфт, ба чунин мардон дар кишвари мо ҷой нест ва ӯ ба дастуре, ки вазири муҳоҷират Эрик Бессон таҳия кардааст, имзо хоҳад монд.
Ҳуввият ва миллияти ин мард ифшо нашудааст, вале Филлон гуфт, ки ҳамсари он мард фаронсавӣ будааст.
Парлумони Фаронса ҳафтае пеш пӯшидани бурқаъ ва ниқоби исломиро дар макотибу бемористонҳо, дар сохтмонҳои давлатӣ ва ҳам дар нақлиёти ҷамъиятӣ манъ кард.
XS
SM
MD
LG