Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди Карзай аз Саудия


Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай ба хотири дарёфти пуштибонӣ ба тарҳи оштии давлаташ бо толибони мӯътадил вориди Арабистони Саудӣ шудааст. Қарор аст, ки ӯ имрӯз бо подшоҳи Саудӣ амир Абдуллоҳ мулоқот кунад. Карзай дер боз аз Саудия даъват мекунад, бо истифода аз нуфузи худ чирикиҳои толибро ба қатъи хушунат ташвиқ кунад.
Ин барномаи сулҳу оштии Кобул бо Толибон дар ҳафтаи гузашта дар анҷумани байналмилалии масоили Афғонистон дар Лондон пуштибонӣ ба даст овард. Саудия ҳамроҳ бо Покистон ва Имороти Муттаҳидаи Араб танҳо се кишвареянд, ки ҳукумати Толибонро ба расмият мешинохтанд.
XS
SM
MD
LG