Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамлаи маргталабона дар ҳошияи Карбало


Таркиши бомб дар канораи шаҳри Карбалои Ироқ, воқеъ дар 110-километрии ҷануби Бағдод, имрӯз дастикам 20 зоири шиъаро кушта ва даҳҳо тани дигарро захмӣ ба ҷо гузошт. Мақомот мегӯянд, ки маргталаб микроавтобуси бомбгузоришударо рӯи издиҳоми зоирине ронд, ки пиёда ба сӯи Карбало мерафтанд. Ба хотири ширкат дар маросими рӯзи 40-уми Ошӯро, ки ба рӯзи ҷумъаи ин ҳафта дуруст меояд, даҳҳо ҳазор зоири шиъа дар Карбало гирди ҳам меоянд.
Ду рӯз пеш бар асари як ҳамлаи дигари интиҳорӣ алайҳи издиҳоми зоирини роҳии Карбало 41 нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG