Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе номаи Мирзиёевро меомӯзад


Давлат Назриев, сухангӯи вазорати хориҷаи Тоҷикистон гуфт, номаи сарвазири Узбакистон Шавкат Мирзиёев феълан мавриди омӯзиши нахуствазири Тоҷикистон қарор дорад.
Шавкат Мирзиёев ахиран дар номае ба ҳамтои тоҷикаш Оқил Оқилов аз пайомадҳои нодида гирифтани дидгоҳи Тошканд ба тарҳи эҳдоси нирӯгоҳи Роғун ҳушдор дода, хостори ҷалби ҷомиаи байналмилалӣ ба ҳалли ин баҳс шуд.
Шавкат Мирзиёев гуфтааст, нирӯгоҳи Роғунро мехоҳанд бар пояи тарҳҳои 40 соли пеш таҳияшуда бисозанд, ки аз лиҳози фаннӣ кӯҳна шудааст. Сарвазири Узбакистон афзудааст, дар сурати боз ҳам ба эътибор нагирифтани дидгоҳи Тошканд, ҷониби Узбакистон маҷбур мешавад, ба хотири ҷилавгирӣ аз “пайомадҳои фалокатбори иҷрои ин тарҳ” ба ҷомиаи байналмилалӣ ва созмонҳои ҳифзи муҳити зист муроҷиат кунад.
XS
SM
MD
LG