Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиши хунин дар шимолуғарби Покистон


Бар асари таркиши бомб дар наздикии як мактаби духтарона дар шимолуғарби Покистон дасти кам 10 нафар, бо шумули 3 сарбози Амрико, кушта шуданд. Сухангӯи артиши Покистон генерал Атҳар Аббос гуфт, дар ин ҳамла се кӯдак низ кушта шуд. Ӯ афзуд, сарбозони амрикоӣ дар ин минтақа ба воҳидҳои шибҳанизомӣ шеваҳои беҳтари набард алайҳи ҷангиёни ал-Қоида ва Толибонро таълим медоданд. Дар таркиши Шоҳикото дар ноҳияи Ловердир дастикам 70 тани дигар, аз ҷумла 60 толибилми мактаби духтарона, ҷароҳат бардоштаанд.
XS
SM
MD
LG