Пайвандҳои дастрасӣ

Шумори аъзои Енӣ Озарбойҷон ним миллион шуд


Теъдоди аъзои ҳизби “Енӣ Озарбойҷон” (“Озарбойҷони нав”), ба гуфтаи масъулини ин ҳизби ҳоким, аз марзи ним миллион нафар гузашта, ҳатто аз шумори аъзои ҳизби дар замони Шӯрави ҳокими коммунисти Озарбойбҷон бештар шудааст. Корти узвият ба узви 500 000-уми ҳизб дирӯз зимни як маросими вижа дар Боку ба донишҷӯи соли дуввуми Донишгоҳи давлатӣ Лемон Фарзалиева супурда шуд.
Намояндаи ҳизб Алӣ Аҳмадов гуфт, тақрибан 40 дарсади аъзои Енӣ Озарбойҷонро ҷавонон ташкил медиҳанд.
XS
SM
MD
LG